​Ғолибони озмуни “Расми беҳтарин” қадр шуданд

Дар факултети санъати тасвирӣ ва технология озмуни “Расми беҳтарин” гузаронида шуд. Ин ташаббус ба муносибати рӯйдодҳои ҷашнии моҳи ноябр бахшида шуд. Ҳадаф аз ин иқдом дарёфти донишҷӯёни соҳибистеъдод унвон мешавад.

Гуфта мешавад, ки озмуни мазкурро кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ роҳандозӣ намудаанд.

Ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии садорати факултет қадршиносӣ шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ