Ғолибони мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди футболи хурд ва волейбол муайян шуданд

Бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ ва дарёфти варзишкорони соҳибистеъдод аз санаи 10-ум то 16-уми октябри соли 2023 бахшида ба 32 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишиӣ аз рӯи намуди футболи хурд ва волейбол байни устодону кормандон ва донишҷӯён оғоз гардид.

Пас аз шаш рӯзи баргузории мусобиқа дастаҳои факултаҳои забонҳои хориҷӣ ва биология ва химия аз рӯи намуди футболи хурд байни донишҷӯписарон ва дастаҳои факултаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус ва математика аз рӯи намуди волейбол байни донишҷӯдухтарон ба даврӣ ниҳоии мусобиқа баромаданд.

Дастаи факултети забонҳои хориҷӣ дар даври ниҳоии мусобиқаи бар дастаи биология ва химия бо ҳисоби 2 бар 1 ғолиб омад ва ғолиби мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди футболи хурд байни донишҷӯписарон гардид.

Бозии ниҳоии мусобиқа аз рӯи намуди волейбол байни донишҷӯдухтарон миёни дастаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус ва математика баргузор гардида варзишгардухтарони таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯзӣ ба даст оварданд ва ғолиби мусобиқа аз рӯи намуди зикршуда гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ