​Ғолибони даври донишгоҳии озмуни “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавон” муайян шуданд

Дар факултети физикаю техника даври донишгоҳии озмуни вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд” миёни донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва омӯзгорони ҷавони то 30-сола баргузор шуд. Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ба кори озмун ифтитоҳ бахшида, шахсан бо ихтироъ ва навоварии довталабон ошно гардид.

Озмун дар самти барномасозӣ ва низомҳои иттилоотӣ, дизайн ва меъморӣ, сохтмон, экология, геология, энергияи барқароршаванда, таҷҳизоти мошинсозӣ, маркшейдерӣ, металлургия, кӯҳкорӣ, техникаю технология ва илмҳои табиатшиносӣ дар се бахш - ихтироъ ва навоварӣ, модел ва конструксияҳо, маҳсулоти барномавии технологияҳоииттилоотӣ гузаронида шуд.

10 нафар бо ихтироъ ва навовариҳои ҷолиб ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.

Маврид ба зикр аст, ки давоми се соли фаъолияти озмуни мазкур донишҷӯён ва олимони ҷавони донишгоҳ дар даври ниҳоӣ (вилоятӣ) 9 ҷойи намоён ба даст овардаанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ