​Ғолибияти устодони донишгоҳ дар спартакиада

Ба муносибати рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд спартакиада ташкил гардид, ки ба он устодони донишгоҳҳои олии вилоят ҷалб гардиданд.

Дар спартакиадаи мазкур намояндагони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.

Аз ҷумла, дар мусобиқаи мазкур муовини декани факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ оид ба илм ва инноватсия Мироватова аз рӯйи намуди “шашка” сазовори ҷойи аввал ва муаллимаи кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Алиматова Умеда дар намуди “шоҳмот” сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ