Ғолибияти донишҷӯи донишгоҳ дар озмуни ҷумҳуриявии "Донишҷӯи сол-2024"
Юлдошева Мадина, донишҷӯи соли сеюми факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷўи сол – 2024” сазовори ҷои сеюм гардид.
Озмуни ҷумҳуриявии "Донишҷӯи сол - 2024", ки бо мақсади шинохти донишҷӯёни лаёқатманд, соҳибистеъдод ва ташаббускор эълон гардида буд, ҷамъбаст ва ғолибон қадршиносӣ шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар озмуни мазкур донишҷӯён аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ иштирок намуда, беҳтаринҳо ғолибият ба даст оварданд.
Хотиррасон менамоем, ки озмуни вилоятии “Донишҷўи сол – 2024” дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯён, ки қишри ояндасозу нерӯи пешбари ҷомеа унвон мешаванд, ба роҳ монда мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил