​Ғолибияти донишҷӯёни Донишгоҳ дар олимпиадаи байналмилалӣ

Санаҳои 23–25-уми ноябри соли равон дар факултаи механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Олимпиадаи байналмилалӣ ба тариқи маҷозӣ аз фанни математика, бахшида ба 75-солагии донишгоҳ ва ёдбуди энсиклопедисти машҳури форсу тоҷик Умари Хайём баргузор гардид. Дар он донишҷӯёни донишгоҳҳои кишварҳои иттиҳоди давлатҳои мустақил: Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон, Белорус ва Қирғизистон иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар олимпиадаи байналмилалии маҷозӣ донишҷӯёни факултети математика Фозилов Умед – курси сеюми ихтисоси математика ва Раҳмонова Мақсадхон – курсичоруми ихтисоси матиматикаи амалӣиштирок намуда, сазовори ҷои сеюм гаштанд.

Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати омода намудани шогирдон ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ саҳми устоди факултети матемтика олими ҷавону ҳушманд, номзади илмҳои физикаю математика Бустонбек Ҷумаев басо назаррас ва шоистаи таҳсину офарин аст. Зеро таҳти роҳбарии ин олими ҷавон чандин донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаву озмунҳо сазовори зинаҳои ифтихорӣ гардиданд.

Ин дастоварди шоистаро аз номи ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ ба донишҷӯён ва роҳбари онҳо - самимона табрик мегӯем.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ