​Геоэкология ва туризм: маҳорати педагогии омӯзгорон таҳким меёбад

Давоми се рӯз инҷониб устодони факултети геоэкология ва туризм усулҳои истифода аз тахтаи электрониро омӯхта истодаанд. Ин ташаббус дар доираи машғулиятҳои омӯзишӣ, ки бо ибтикори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот дар ҳамкорӣ бо кафедраи умумидонишгоҳии информатика роҳандозӣ гардид, ҷараён дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи машғулият дар факултети геоэкология ва туризм омӯзгорон аз тамоми кафедраҳо ҷалб гардида, роҳҳои истифода аз имкониятҳои тахтаи электрониро аз худ намуда истодаанд.

Гуфта мешавад, ки омӯзиши мазкур ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати педагогӣ ва саводи техникии омӯзгорон судманд хоҳад буд.

Дар маросими ифтитоҳи машғулият мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот Дадобоева Нодира ва декани факултет Музаффар Дадобоев ширкат намуда, аз аҳамият ва зарурияти ин машғулияти омӯзишӣ таъкид доштанд.

Аз омӯзгорон даъват шуд, ки дар доираи омӯзиш вақти худро самаранок истифода намуда, ҷиҳати пурра ва мукаммал бархурдор гардидан аз тамоми имкониятҳои тахтаи электронӣ кӯшиш намоянд.

Хотиррасон менамоем, ки машғулияти мазкур барои омӯзгорони факултети геоэкология ва туризм санаи 17 январ шуруъ гардида, имрӯз ҳусни анҷом хоҳад пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ