“Ганҷи сухан”: таҷлили Рӯзи байналмилалии забони модарӣ бо Гулноз
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии забон Нишасти 206-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дар толори Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо иштироки адибону олимон, устодон ва донишҷӯён, мухлисони каломи бадеъ баргузор гардид. Роҳбари маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов ҳозиринро бо Рӯзи байналмилалии забони модарӣ,ки санаи 21 феврал қайд карда мешавад муборакбод намуда, бо китобҳои нав ошно кард
Дар мавзуи “Ҳифз ва рушди забони модарӣ дар даврони Истиқлол” Шарифулло Абдуллозода, Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд маърӯза намуд. Зимни суханронӣ мавсуф ба андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора намуд: “Забони модарӣ инъикоскунандаи фарҳангу маърифати ҳар як миллат маҳсуб гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари забони давлатӣ барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқиятҳои сокини кишвар низ тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидаанд. Забон сарчашма, калиди ҳамаи маънавиёт ва сарвати маънавии инсон ба шумор меравад, ки он барои камолот ва ташаккули инсонҳо дар рӯҳияи инсонпарварӣ хидмат мекунад.
Ҳифзи гуногунзабонӣ ва ҳимояву рушди тамоми забонҳои дунё гуногунпаҳлугии фарҳангу тамаддуни мардумони оламро дар сайёра тақозо мекунад, зеро ин ҳама ғановати тамаддуни оламиён аст.
Сипас дар мавзӯи “Забони модарӣ -сутуни ҳастии миллат” Мӯсоҷон Олимҷонов, доктори илмҳои филология, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баромад намуд. Ӯ таъкид намуд, ки “бори нахуст дар таърихи давлатдории мо забони тоҷикӣ рукни муқаддас дониста шуд, ки нишони аҳаммияти махсуси давлатӣ нисбат ба забони модарист. Дар ин росто, муҳиммияти муқаддасоти мазкур, қабл аз ҳама, дар асарҳои калидӣ ва оламшумули Пешвои миллат инъикоси пурвусъат ёфтаанд.
Дар маърӯзаи номзади илмҳои филология, шоира Сурайё Ҳакимова, “Ҳавзи қамар дар остини шеър. Назаре ба шеъри Гулноз ва ҷозибаи ҳунарии шоир дар ҳошияи китоби “Чатри наҷоти садо” сухан аз шеър ва ҳунари шоирии Гулноз Тоҳириён рафт. Муҳаққиқ Гулнозро аз шоирони соҳибистеъдод ва беназири адабиёти муосир арзёбӣ кард ва бо мисолҳои мушаххас ҷанбаи ҳунарии шоирро нишон дод.
Дар суханронии худ шоира Гулноз аз рисолати шеър ва шоир дар ҷомеаи муосир ибрози назар кард ва чанд шеъри тозаэҷодашро қироат намуд.
Шоири Халқии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод дар бораи забон ва ва арзиши он, ҳамчунин дар бораи Гулноз ва шеъри ӯ ибрози назар кард ва изҳори умедворӣ намуд,ки чанд нафар аз шоираҳо тозагӯ монанди Адибаи Хуҷандӣ, Гулноз, Дилором, Фарзонаи Зарфшонӣ дар як муддати на чандон тӯлонӣ ба шоирони муқтадири адабиёти муосир табдил хоҳанд ёфт. Доктори илмҳои филология, профессор Замирахон Ӯлмасова низ дар бораи шеъри Гулноз андешаҳои худро баён кард.
Адибони ҷавон Баҳманёр, Садаф ва Муҳаммадиқбол аз ашъорашон шеърҳои нав қироат намуданд. Дар давоми маҳфил сарояндагони мумтоз Ҳусейнҷон Юсупов, Бахтиёр Давлатов, Ҳалим Салим ва ансамбли “Навои ҷавонӣ”-и ДДХ ба номи акдемик Бобоҷон Ғафуров дар васфи забон ва аз ашъори шоира Гулноз сурудҳо хонданд.