​«Ганҷи Сухан»: Шоири фарзонаи дил

Маҳфили илмӣ-адабии “Ганҷи сухан” ин навбат таҳти унвони “Шоири фарзонаи дил” бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ шаҳомати хос дошт.

Маҳфили мазкур дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир гардида, доираи васеи донишмандону суханварон, равшанфикрону аҳли илму адаб, ихлосмандону ҳаводорони шоирро ба ҳам овард.

Маҳфилро роҳбари он адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида, дар мавриди нақши Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ дар муаррифии миллат суханронӣ намуд.

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Усмонзода Аюб Ислом Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандиро ба муносибати 60-умин солгарди милод табрик намуда, таъкид дошт, ки ҳузури мавсуф ба ҳайси Профессори фахрӣ ба фазои илмиву адабии донишгоҳ ғизои маънавӣ мебахшад.

Гуфта шуд, ки Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона муаллифи суруди донишгоҳ мебошанд, ки барои ҷомеаи меҳнатӣ омили ифтихор ва саодат аст. Ин суруд ба тарғиби арзишҳои маънавӣ ва ватанпарварӣ равона шуда, пайванди устод Фарзонаро бо донишгоҳ мустаҳкам менамояд.

Дар баромади Тоҷибой Султонӣ - намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Шарифулло Абдуллозода - раиси Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Маликшо Неъматзода - раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадҷони Раҳматзод - раиси Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон саҳму хидмати мондагори шаҳбонуи шеъри форсу тоҷик Фарзона таъкид ёфта, самимияту ихлоси маърӯзачиён ифода ёфт.

Муаррифии китоби тозанашр таҳти унвони “Шоири фарзонаи дил”, ки нишасти навбатии маҳфили “Ганҷи сухан” бо ҳамин ном сурат гирифт, аз ҷониби устоди донишгоҳ, духари шоир Шаҳнавоз Каримова ба аҳли ҳузур ва иштирокдорони маҳфил пайки хуш ва фараҳбахш буд.

Дар идомаи маҳфил маърӯзаи профессорон Умеда Ғаффорӣ ва Нуралӣ Нурзод шунида шуд.

Қироати ашъор аз ҷониби донишҷӯён ва суруд дар иҷрои сарояндагони номии вилоят ба маҳфил шукӯҳи бештар эҳдо намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ