​Ғамхорӣ ба донишҷӯён меафзояд

Ба як гуруҳ донишҷӯёни донишгоҳ аз ҳисоби ятимони кулл либоси зимистона ва кӯмаки пулӣ расонида шуд. Ба ин муносибат дар толори раёсати донишгоҳ бо иштироки ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом мулоқот доир гардид.

Ташаббуси мазкур ҷиҳати татбиқи сиёсати хирадмандона ва башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 90 – умин солгарди таъсисёбии донишгоҳ, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 - солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Профессор Аюб Усмонзода таъкид намуд, ки ашхоси ятим, бепарастор ва имконияташон маҳдуд дар меҳвари таваҷҷуҳи Роҳбари олии мамлакат қарор дошта, раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, дар самти фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ва таҳсил барои намояндагони ин қишри ҷомеа тадбирҳои заруриро анҷом медиҳад.

Маврид ба зикр аст, ки феълан дар донишгоҳ 82 нафар маъюб ва 22 нафар ятими кулл таҳсил доранд, ки мунтазам аз дастгириву ғамхории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бархурдоранд.

Аз ҷумла, шуруъ аз моҳи сентябри соли равон барои донишҷӯёни ятими кулл ва имконияташон маҳдуд кӯмакпулии ҳармоҳаи раёсати донишгоҳ дар ҳаҷми 150 сомонӣ муқаррар гардида, онҳо аз маблағи шартномаи донишгоҳ озод ва бо хобгоҳи ройгон таъмин мебошанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ