​ФУРӮҒИ ИЛМ: ДАСТОВАРДҲОИ НАВБАТИИ ДОНИШГОҲ

Субҳи имрӯз ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин дар даромадгоҳи асосии раёсати Донишгоҳ дар фазои тантанавӣ бо иштироки устодону донишҷӯён ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро истиқбол намуд.

Дар даври ҷумҳуриявии озмун донишҷӯёни Донишгоҳ бо маҳорати баланд ва ҳофизаи қавӣ сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Магистранти курси 1-уми факултети филологияи тоҷик Бобобекзода Фараҳноз дар номинатсияи «Адабиёти классикӣ» сазовори ҷойи I, донишҷӯйи курси 3-юми факултети забонҳои хориҷӣ Маҳмудӣ Париноз дар номинатсияи «Адабиёти муосир» сазовори ҷойи II ва магистранти курси 2-юми факултети забонҳои шарқ Ризоева Манижа дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» ба гирифтани ҷойи II шарафёб шуданд.

Ректори Донишгоҳ ғолибон ва устодони раҳнамои онҳоро бо ин комёбӣ табрик гуфта, таъкид кард, ки озмуни мазкур таҳти сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар сатҳи баланд баргузор мегардад. Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин иброз дошт, ки дастовардҳои донишҷӯёни Донишгоҳ нишондиҳандаи сатҳи баланди масъулият, ҷаҳонбинӣ ва дониши онҳо мебошанд. Изҳори умед карда шуд, ки донишҷӯён, магистрантон ва докторантон минбаъд низ бо дастгирии устодони соҳибтаҷриба дар чунин озмунҳои илмӣ ва адабӣ натиҷаҳои боз ҳам беҳтарро ба даст оварда, шарафи Донишгоҳро дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ боло мебардоранд.

Ғолибон таҳти роҳнамоии дотсентон Ислом Раҳимов, Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев ва Сурайё Ғиёсова ба ин дастовард ноил гардида, бо Диплом, Ҷом ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.

PS: Раёсати Донишгоҳ ин дастоварди шоистаро ба ғолибон ва устодони онҳо таҳният гуфта, ба таҳсилу фаъолияти минбаъдаи онҳо барору муваффақиятҳои нав таманно менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ