​Фурӯғи фардоафрӯзи миллат

Чунин унвон дошт ҳамоиши илмӣ-амалӣ, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров субҳи имрӯз бо иштироки васеи устодону донишҷӯён доир гардид.

Ибтикори мазкур дар ҳошияи Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” роҳандозӣ гардида, дар доираи он перомуни зарурият ва аҳамияти озмунҳои ҷумҳурияӣ дар самти таъмини рушди илму маориф маърӯзаҳои пурмуҳтавои илмӣ ироа шуданд.

Профессор Усмонзода Аюб Ислом, ректори донишгоҳ ҳини ифтитоҳи ҳамоиш таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар оғози бунёди миллати мутамаддинро аз маориф маънидод намуда, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдоштаро сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ унвон намуданд.

Ректори донишгоҳ таҳти cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидани озмунҳои ҷумҳуриявиро баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ ташаббуси созанда ва судманд арзёбӣ намуда, дар роҳи таъмини бештари соҳаи илму маориф қадами устувору самарабахш арзёбӣ намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар партави сиёсати Роҳбари олии мамлакат ҷиҳати таъмини шароити арзанда баҳри иштироки устодону донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, ҷиҳати таъмини дастовардҳои арзанда иқдом меварзад.

Профессор Аюб Усмонзода зикр дошт, ки танҳо давоми соли гузашта 215 нафар донишҷӯёну магистрантони донишгоҳ дар озмунҳои гуногун иштирок намуда, ғолибият ба даст оварданд. Аз ҷумла, дар даври ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» 4 ҷои намоён ва 5 ҷои ифтихорӣ, «Фурӯғи субҳи доноӣ» 4 ҷои намоён ва 5 ҷои ифтихорӣ ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» 3 ҷои ифтихорӣ, олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷиуистон 2 нафар, озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника» 12 нафар, олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷиуистон барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва хидмати Тоҷикистон» 3 нафар ғолиб гардиданд.

Гуфта шуд, ки донишгоҳ соли гузашта миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар озмунҳои ҷумҳуриявии«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мақоми аввал, «Илм-фурӯғи маърифат» мақоми дуюм ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» яке аз ҷойҳои намоёнро соҳиб гардид, ки дастоварди шоиста барои ҷомеаи меҳнатӣ маҳсуб меёбад.

Дар идомаи ҳамоиш таҳти унвони “Инқилоби маънавӣ дар замони истиқлоли миллӣ” доктори илмҳои филологӣ, профессор Нуралӣ Нурзод, дар мавзӯи “Сарчашмаи худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ” номзади илмҳои таърих, дотсент Шавкат Шарипов ва перомуни “Тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ – омили рушди тафаккури техникӣ” номзади илмҳои физика-математика, декани факултети физика ва техника Қаюмзода Абдумалик Қаюм маърӯза намуданд.

Бо баррасии мавзуъҳои мавриди матраҳ ва шарҳи Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳамоиши илмӣ-амалӣ ҳусни анҷом пазируфт.

Изҳори умед шуд, ки ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ соли равон низ фаъолиро аз даст надода, ба натиҷаҳои арзанда ноил ва шарафу нуфузи донишгоҳро баланд мебардоранд.

Масъулин муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор намудани даври факултетӣ ва донишгоҳии озмунҳо чораҳои зарурӣ амалӣ намуда, дар ин самт тадбирҳои судманд анҷом диҳанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ