Форуми байналмилалии занон ва об

Дар Муассисаи давлатии маҷмааи «Кохи Ваҳдат» таҳти унвони «Баробарии боадолатона ва фарогир: Об моро мутаҳид месозад» Форуми байналмилалии занон ва об баргузор гардид.

Форуми мазкур дар доираи баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» роҳандозӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар кори Форум аз 49 давлати дунё доираи васеъи коршиносон аз соҳаҳои гуногун, аз ҷумла олимон, академикҳо, сиёсатмадорон, коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, ки фаъолияти онҳо ба инобат гирифтани ҷанбаҳо ва равандҳои масоили гендериро талаб мекунад, иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар кори Форум аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров муовини декани факултети геоэкология ва туризм оид ба корҳои таълим Ҳайдарова Мавзуна иштирок намуд.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар Форум инчунин иштирокдорон ва намояндагон дигар давлатҳо ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ маърӯза намуда, ҷалби занони олима ва коршиносони соҳаҳои гуногун дар ҳалли мушкилоти об ва муайян намудани чораҳои муштарак ва иловагӣ бо мақсади дарёфти роҳҳои ҳалли ҳамаҷонибаи об барои рушди устувор ва барномаҳои ҷавобгӯ ба принсипҳои гендерӣ аз нуқтаи назари фарҳанги миллӣ, ба нақшаҳои рушди иқтисоди миллӣ дохил намудани стратегияҳои илман асоснокшудаи соҳаи об, дар самти маблағгузории устувор барои занон дар соҳаи илм, барои дастгирии тадқиқоти онҳо ва нашри маводҳо ва мушкилоти марбутаи ҷаҳонӣ баррасӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ