​Флешмоб: 90 соли пурбор ва бобарор

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “90 соли пурбор ва бобарор” флешмоб доир гардид. Дар саҳни ҳавлии бинои таълимии №2 беш аз 500 нафар донишҷӯён ба ҳам омада, ба муносибати 90 – умин солгарди таъсисёбии донишгоҳ рақами 90 ва ибораҳои 90 солро ба намоиш гузоштанд.

Хотиррасон менамоем, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ таҳти унвони “90 рӯзи комгорӣ ва саодат” дар донишгоҳ силсилаи флешмоб таҳти унвони “Донишгоҳ - ифтихори ман”, “Муаллим кист?”, “Муаллим сарвару саркори инсон” ва “90 баҳори гулафшони маърифат” ба роҳ монда шудааст, ки ба муносибати 90 солагиидонишгоҳ бо ҷалби васеи донишҷӯён идома дорад.

Ҳадаф аз ин иқдом сазовор таҷлил намудани рӯйдоди таърихии донишгоҳ – 90 солагии таъсисёбӣ, тарғиби арҷгузорӣ ба заҳмату хидмати устодон, ҷалби ҷавонон ҷиҳати таъмини рушди соҳаи илму маориф ва ба ин васила таҳкими ҳисси ватандӯстии донишҷӯён унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ