​Фестивали II байналхалқии маҳорати педагогӣ

Дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Фестивали II - юми байналхалқии маҳорати педагогӣ доир гардид. Ташаббуси мазкур дар доираи Анҷумани VII омӯзгорони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба роҳ монда шуд.

Дар ин чорабинии бонуфузи байналмилалӣ аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҳусейн Зайтметов, мудири кафедраи психиологияи иҷтимоӣ ва касбӣ дар номинаи “Педагог ва психиологи иҷтимоӣ” ба сифати раиси ҳакамон иштирок намуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар фестивали мазкур кормандону омӯзгорон аз ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз рӯи номинаи “Педагог ва психиологи иҷтимоӣ” 8 нафар беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Хотиррасон менамоем, ки шуруъ аз санаи 4 то 7-уми октябри соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Анҷумани VII-уми омўзгорони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода 13 нафар корманду омӯзгор иштирок намуданд.

P.s. Иштироки устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилал ва он ҳам ба ҳайси раиси ҳакамон аз рӯи номинаи фестивали бонуфуз боиси ифтихори ҷомеаи меҳнатӣ аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ