​“Фарҳанги оиладорӣ”: "Омилҳои муносибатҳои нигаҳдории солим дар оила"

Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ маҳфили навбатии “Фарҳанги оиладорӣ” доир гардид. Маҳфили мазкур ин навбат таҳти унвони "Омилҳои муносибатҳои нигаҳдории солим дар оила" ба роҳ монда шуда, дар он раиси Шурои занони донишгоҳ Султонова Гулбаҳор ва декани факултет Шарифиён Муқаддас иштирок ва суханронӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи маҳфил сармуаллимаи кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ Раҳимова Муҳаррамахон ва мудири кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактабӣ Азимова Машҳурахон маърӯза намуда, дар мавриди муносибатҳои нигаҳдории оилавӣ, бартараф кардани низоъҳои оилавӣ ва пойдориву устувории оила маърӯза намуданд.

Дар қисмати фарҳангӣ донишҷӯён шеъру гуфтор қироат намуда, суруд ва рақс иҷро намуданд, ки ба маҳфил мазмуни бештар эҳдо намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ