“Фарҳанги оиладорӣ”: «Одоби либоспӯшӣ – инъикосгари маърифати волои зан»
Дар толори хобгоҳи №3 нишасти навбатии маҳфили «Фарҳанги оиладорӣ» баргузор гардид. Маҳфили мазкур ба мавзуи «Одоби либоспӯшӣ – инъикосгари маърифати волои зан» бахшида шуд.
Доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ Бобоева Сайёра перомуни мавзуи маҳфил маърӯза намуда, дар мавриди фарҳанги либоспӯшии миллии бонувони тоҷик ибрози назар намуд.
Таъкид гардид, ки либосрамзифарҳангимиллӣватаҷассумгарирасмуоин,нишонизебоипарастӣ ваифтихориҳар халқиятумиллат мебошад.
Дар идома дар мавриди оқибатҳои бегонапарастӣ ва гароиш ба фарҳанги миллӣ табодули афкор сурат гирифт.
Донишҷӯён доир ба фарҳанги миллӣ ва ватандӯстиву худшиносӣ шеърҳо қироат карданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил