​Фаъолон ва ғолибони озмунҳо қадр шуданд

Дар факултети филологияи рус ҳафтаи илм ҷамъбаст гардид. Дар доираи ин ташаббус бо иқдоми кафедраҳои факултет силсилаи чорабиниҳо ба роҳ монда шуданд.

Аз ҷумла, дар доираи ин иқдом конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Масъалаҳои мубрами таълим ва омӯзиши забони рус дар заминаи рушди инноватсионӣ", маҳфили илмии донишҷўён бо номи "Масъалаҳои муҳими адабиётишиносии рус ва хориҷа", мизи мудаввар дар мавзӯи "Таҷриба дар татбиқи технологияи онлайнӣ дар раванди таълими забони русӣ", мастер-класс оид ба«Асрори хониши тез ва рушди хотира» гузаронида шуданд.

Бино ба иттилои Анисахон Яъқубова, муовини декан оид ба корҳои илм ва инноватсия тибқи нақшаи садорати факултет, инчунин бахшида ба Рўзи байналмиллалии китобдорон мизи мудаввари олимони ҷавони факултет, озмуни корҳои илмӣ-тадқиқотии магистрантону докторантон таҳти унвони «Интеллектуалы XXI» ва як қатор викторинаҳо ба роҳ монда шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмуъ, дар факултети филологияи рус дар доираи ҳафтаи илм беш аз 30 номгӯи чорабиниҳо ташкил шуданд.

Дар маросими ҷамъбастӣ аз ҷониби декани факултет дотсент Шарапова Раъно иштирокчиёни фаъолва ғолибони озмунҳо бо ифтихорнома ва туҳфаҳо хотиравӣ қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ