​Фаъолияти таҷрибаомӯзон ба ҳайси тарҷумон

Таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯёни соли панҷуми ихтисоси забонҳои муосири хориҷӣ (хитойӣ-англисӣ) ба анҷом расид.

Маврид ба зикр аст, ки таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Хуҷанд ва берун аз он ба роҳ монда шуд. Мувофиқи барномаи таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён ба осорхонаи давлатии вилояти Суғд, осорхонаи 25 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд, Қалъаи “Муғ”-и шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.

Гуфта шуд, ки як қатор донишҷӯёни фаъол дар ҶДММ КМ “Зарафшон” Суғдиён таҷрибаомӯзӣ намуда, ба ҳайси тарҷумон фаъолият намуданд.

Боиси зикр аст, ки таҷрибаомӯзии донишҷӯён санаи 7-уми марти соли равон оғоз ёфта, шаш ҳафта давом кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ