Факултети санъат: Намоиши пеш аз имтиҳонӣ аз фанни «Маҳорати актёрӣ»
Санаи 14-уми декабри соли 2018 соати 16.30 дар Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавони ба номи Одилҷон Назаров аз фанни «Маҳорати актёрӣ» донишҷўёни курси 4-уми ихтисоси санъати актёрии факултети санъат порчаеро аз рўи асари Вампилов А. «Қиссаи Метрампаж» ҳамчун намоиши пеш аз имтиҳонӣ ба сахна гузоштанд.Донишҷўён бо роҳбарии омўзгорони фанни «Маҳорати актёрӣ» ва «Нутқи саҳна» Эҳсон Ҳомидов ва Мирзоюсуф Ахмедов порчаи мазкурро пешкаши ҳамагон намуданд. Нақшҳоро донишҷўёни курси чоруми ихтисоси санъати актёрӣ – Баҳрулло Азизов, Зарнигор Алиева, Мансурҷон Муродӣ иҷро намуданд.
Дар саҳна донишҷўён бо як маҳорат ва малакаи хуб аз ўҳдаи иҷрои нақшҳо баромаданд ва аз ҷониби тамошобинон хуш пазируфта шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил