Факултети забонҳои шарқ: таҷрибаомӯзии таълимии донишҷӯёни оғоз гардид

Дар факултети забонҳои шарқ бахшида ба таҷрибаомӯзии таълимӣ аз ихтисоси дуюм, яъне забони англисӣ конференсияи ифтитоҳӣ гузаронида шуд. Дар он таҷрибаомӯзони курси сеюм аз ихтисосҳои арабӣ-англисӣ, форсӣ-англисӣ ва хитойӣ-ангнлисӣ иштирок намуданд.

Зимнан иттилоъ дода шуд, ки давоми ду ҳафта таҷрибаомӯзон донишҳои назариявии омӯхтаи худро дар амл татбиқ менамоянд. Аз тарафи раёсати факултет, мудири кафедра ва роҳбарон-мушовирони ба зергурӯҳҳо вобасташуда батаҷрибаомӯзон ҳадафи гузаронидани таҷрибаомӯзӣ, ташрифи онҳо ба мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маълумот дода шуд. Зикр гардид, ки таҷрибаомӯзон малакаҳои забони англисии хешро, ки ба инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хатии забони англисӣ нигаронида шудааст, сайқал медиҳанд. Ҳангоми сайру саёҳат ба маконҳои таърихӣ, истироҳатӣ ва фарҳангӣ таҷрибаомӯзон имкон пайдо мекунанд, ки чун роҳбалад маълумот сарҷамъ карда, баромади хешро доир ба макони интихобшуда бо забони англисӣ муаррифӣ намоянд.Барои дар сатҳи заруӣ гузаронидани таҷрибаомӯзӣ, ба донишҷӯён тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ