​Факултети забонҳои шарқ: Ҳамкорӣ бо волидайни донишҷӯён вусъат меёбад

Дар факултети забонҳои шарқ ҳамкорӣ бо падару модарон хуб ба роҳ монда шудааст, ки ҳадафи асосии он таъмини пурсамари таълиму тарбияи насли наврас аст. Вохӯрии навбатии омӯзгорон ва волидайни донишҷӯён баргузор гашт. Дар вохӯрӣ падару модарони донишҷӯёни курси якум ширкат доштанд. Декани факултет, дотсент Ислом Раҳимов зимни вохӯрӣ перомуни раванди таҳсили донишҷӯён ва қоидаҳои тарбиботи дохили донишгоҳӣ ибрози назар намуд. Муовини декан оид ба тарбия Б.Раҳимов доир ба масъалаи риояи одоби донишҷӯӣ ва санадҳои муҳими соҳаи маориф, ки ба донишҷӯён рабт дорад сухан кард. Номбурда ҳамчунин ба падару модарене, ки фарзандонашон дар чорабиниҳои ҷамъиятиву сиёсӣ иштироки фаъолона доштанд, миннатдории раёсати донишгоҳ ва садорати факултетро расонид.

Дар идома раиси Кумитаи волидайни факултет – С.Самадова дар доир ба масъалаи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳарф зада, нуктаҳои асосии онро шарҳу тавзеҳ дод.

Баъди баррасии масъалаҳои зикршуда, волидайни донишҷӯён ба музокира баромаданд.



Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ