​Факултети забонҳои шарқ: Ҳафтаи забон ва фарҳанги фаронсавӣ

Дар толори Факултети забонҳои шарқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳафтаи забон ва фарҳанги фаронсавӣ бо иштироки фаъолонаи омӯзгорон ва донишҷӯён оғоз гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки чорабинии мазкур бо дастгирии Маркази фарҳангии Фаронса дар шаҳри Хуҷанд - Alliance Francaise de Khoudjand - ташкил карда шуда, ҳадафи он шиносоии донишҷӯён бо забон ва фарҳанги Фаронса унвон шуд.

Гуфта шуд, ки дар давоми ҳафта, аз 16-ум то 20-уми майи соли ҷорӣ, донишҷӯёни гурӯҳҳои арабӣ-фаронсавӣ ва форсӣ-фаронсавӣ, ки аввалин бор дар таърихи донишгоҳ забони фаронсавиро ҳамчун забони ихтисос меомӯзанд, барономаҳои гуногуни фарҳангиро таҳия ва пешкаш менамоянд.

Қисми ифтитоҳии чорабинӣ “Шиносоӣ бо забони фаронсавӣ” уновн дошта, давомиҳафта маҳфилҳои “Сафар ба Фаронса”, “Базми фаронсавӣ” ва “Фарҳанги Фаронса” гузаронида мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ