​Факултети забонҳои хориҷӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ

Дар факултети забонҳои хориҷӣ бо ташаббуси кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ, бахшида ба ҷамъбасти солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, семинари илмӣ-амалӣ таҳти уновни “Факултети забонҳои хориҷӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ” баргузор гардид.

Дар семинар баромадкунандагон қайд намуданд, ки ҳунарҳои мардумӣ инъикосгари миллати тоҷик буда, қабул гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои ҳунармандони асил такони ҷиддӣ бахшид. Зеро барои онҳо шароити мусоид фароҳам омад, ки касбу ҳунарҳои милли хешро бештар инкишоф диҳанд.

Ҳамчунин дар идома, мавзӯҳои кори роҳбалад – тарҷумон, нақши сайёҳон дар иқтисоди миллӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва инфрасохтори он, муаррифии хатсайрҳои нави дохилӣ, намудҳои гуногуни туризм ва амсоли онҳо мавриди муҳокимаю баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар фарҷом декани факултет, профессор Меҳринисо Абдуллоева перомуни мавзӯи мавриди назар ибрози назар намуда, саҳми факултети забонҳои хориҷиро дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ назаррас арзёбӣ намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ