​Факултети забонҳои хориҷӣ: Таҷрибаомӯзии педагогӣ

Донишҷӯёни бахши сеюми факултети забонҳои хориҷӣ барои гузаштан аз таҷрибаи педагогӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Б.Ғафуров сафарбар карда шуданд. Таҷрибаомӯзон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии методист Н. Раҷабова, роҳбар – педагог Д.Мансурова ва роҳбар – психолог Н.Бобоҷонова таҷрибаи омӯзгории худро давом дода истодаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки донишҷӯён донишҷӯён дар раванди таҷрибаомӯзӣ ба ҳайси ёвари роҳбари синф ва омӯзгори забони англисӣ фаъолият бурда истодаанд. Таҷрибаомӯзон дар дарсҳои забони англисӣ аз методҳои интерактивӣва коммуникативӣ васеъ истифода бурда истодаанд, ки ин бaрoи бaлaнд бaрдoштaни cифaти дaрc ва такмили малакаи касбии онҳо мусоидат мекунад.

Донишҷӯён дар давоми фаъолияти худ дар муассисаи номбурда дарсҳои муқаррарӣ ва кушоди худро ташкил ва гузаронида, донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намуда истодаанд.

Дар раванди таҷрибаомӯзӣ аз ҷониби устодон аз худ кардани нозукиҳои касби омӯзгорӣ, нишон додани таҷрибаи пешрафта ва истифодаи он дар корҳои таълимӣ, ҳамзамон дар ниҳоди онҳо тарбия намудани ҳисси муҳаббат нисбат ба касби ояндаашон омӯзонида мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ