​Факултети забонҳои хориҷӣ: озмуни Ғафуровхонӣ

Дар доираи эълон гардидани озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» дар факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни Ғафуровхонӣ дар байни донишҷӯён гузаронида шуд.

Декани факултети забонҳои хориҷӣ,Малоҳат Эҳсонзода, баромад намуда, иброз дошт, ки ташаббуси мазкур ба ифтихори 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ва бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ташкил шудааст.

Дар ҷараёни чорабинӣ донишҷӯён доир ба ҳаёт ва фаъолияти аллома Бобоҷон Ғафуров маълумот дода, порчаҳо аз китоби “Тоҷикон” қират карда шуд.

Лозим ба тазаккур аст, ки соли равон таҳти сарпарасти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат, ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва олимону муҳаққиқони соҳаи таърих баргузор мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ