Факултети забонҳои шарқ: вохӯрии судманд
Дар факултети забонҳои шарқи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо ҳузури намояндагони Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин ҷамъомад баргузор гашт.
Дар вохӯрӣ У Чунхуй, ҷонишини директори Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин, Ин Джсун сардори шуъбаи кадрҳо, Ли Шаоюан, директори фабрикаи ғанигардонии металҳо, Фу Пинтсяо, сардори дафтари ширкат дар шаҳри Бӯстон ширкат варзида, масоили гуногунҷанбаи ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии мардумии Чин, махсусан дар самти маориф ва илм муҳокима карда, ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо табодули назар намуданд.
Дар интиҳо, муовини ректор оид ба масъалаҳои байналхалқии донишгоҳ Абдуҳафиз Азизов баҳри ҳамкории мутақобили судманд ба намояндагони ширкат арзи сипос намуда, зикр дошт, ки роҳбарияти донишгоҳ баҳри тақвияти ҳамкорӣ минбаъд низ заминаи мусоид фароҳам месозад.
Маркази иттилоот ва таҳлил