Факултети забонҳои хориҷӣ: Соати тарбиявии кушод бахшида Рӯзи Артиши Миллӣ
Ҳамасола санаи 23-уми феврал дар сар то сари Тоҷикистон рӯзи Артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистончунин оварда шудааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояти манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст». Ҳарчанд, ки Артиши миллии мо дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи тадбирҳои хирадмандонаи Ҳукумати мамлакат марҳала ба марҳала устувору қавитаргардида, имрӯз ба нерӯи муназзами дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст.
Бо ташаббуси кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ дар факултети забонҳои хориҷӣ рӯзи гузашта дар синфхонаи 211 боифтихор аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ва бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи устувор бахшида ба26-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар чорабинии тарбиявӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ меҳмонон аз Гвардияи миллӣ - майори Гвардияи миллӣ Шарифзода Илҳом, прапоршики Гвардияи миллӣ Нурматова Зулфия, лейтенанти калони Гвардияи миллӣҚурбонов Аҳлиддин ва лейтенанти калони Гвардияи миллӣ Бобозода Раънохон Абдукарим иштирок доштанд.
Дар чорабинии мазкур меҳмонон,алалхусус лейтенанти калон Бобозода Раънохон Абдукарим ва Қурбонов Аҳлиддин донишҷӯёнро бо Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуда, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки ба қадри сулҳу оромӣ расанд, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил нагардида, худро ҳамчун фарзанди бонангу номуси ватан муаррифӣ намоянд ва дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон адои хизмат кунанд.
Дар чорабинии мазкур донишҷӯён бо барномаи фарҳангӣ баромад намуда, бахшида ба Ватан, Тоҷикистон шеъру сурудҳо қироат намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил