Факултети забонҳои хориҷӣ: Муаррифии мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон
Донишҷўёни факултети забонҳои хориҷӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар таҳти унвони “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021” гузарониданд.
Дар мизи мудаввар мудири кафедраи назария ва амалияи забони англисӣ, дотсент Мунира Юсупова, дотсенти кафедраи педагогикаи умумӣ Мунира Негматова, омӯзгори кафедраи методикаи таълимии забони англисӣ Нигора Раҷабова ва омўзгорони муассиса иштирок намуда,андешаҳои худро дар атрофи татбиқи Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 дар амал иборз доштанд.
Баъд аз намоиши дастовардҳои даврони истиқлол ва муаррифии мавзеъҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистон, донишҷӯён дар доираи Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон мубодилаи афкор намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил