Факултети таърих ва ҳуқуқ: Тӯҳфаи арзанда ба соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Санаи 2 январи соли 2019 дар факултети таърих ва ҳуқуқи чорабинии илмӣ таҳти унвони “Пешвои миллат ва Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми”баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур китоби тозанашри профессор Н.Турсунов «Таърихи халқи тоҷик (аз аҳди бостон то инқилоби соли 1917)» ва «Позднефеодальные поселение Худжанда, Истаравшана, Кандибадама, Исфары, Ашта, Пенджикента XVIII-начала ХХ вв.», ки тӯҳфаи арзанда ба соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад, бо иштироки устодон ва донишҷӯён муаррифӣ карда шуд.
Чорабиниро декани факултет Ҷабборов И.Р. оғоз намуда, доир ба мазмуну моҳият ва аҳамияти Паёми навбатии Пешвои миллат ҳарф зада, таъкид намуд, ки нашри асари профессор Н. Турсунов ҳадяест ба соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ.
Қайд кардан зарур аст, омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ диққати бисёри муаррихон-мардумшиносонро ба худ ҷалб намудааст. Аз ҷумла марудумшиноси маъруф, д.и.т., профессор Н.О. Турсунов низ аз солҳои 60-уми асри ХХ ба тадқиқи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла бофандагӣ, ҳайати этникӣ ва топографияи шаҳрҳои Тоҷикистони Шимолӣ машғул шуда, якчанд монографияҳои алоҳидаи худро таълиф намудаанд. Ғайр аз ин устод аз соли 2017 инҷониб барои эъҷод ва интишор намудани асарҳои безаволи худ дар шакли куллиёт машғул буда, то имрӯз ду ҷилди онро аз чоп бароварданд.
Устодон Ҷ.Исомитдинов ва Б.Турсунов оид ба мазмуну мундариҷаи китоби мазкур, инъикоси урфу одат, анъанаҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва топографияи шаҳру деҳоти Тоҷикистони Шимолӣ ба ҳозирин маълумоти мушаххас доданд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ худи муаллиф профессор Н.Турсунов ба ҳозирин арзи сипос намуда, изҳор карданд, ки баҳри таълифи ҷилдҳои минбаъдаи куллиёт кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил