Факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ: Вохӯрии се насл
Таҷлили ҷашнвораи бошукӯҳи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории чорабиниҳои маърифатӣ-тарбиявӣ бо иштироки устодони собиқадор ва омӯзгорони насли миёнаву ҷавонбахшида ба 90-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар факултаҳои ин боргоҳи маърифат идома дорад.
Дар робита ба ин дар факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ чорабинии адабиву фарҳангӣбахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва 90-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Вохӯрии се насл» бо намояндагони се насли аҳли илм ва маориф, ки дар рушди факултет саҳми арзанда гузоштаанд, баргузор гардид.
Сараввал аҳли коллектив –устодону донишҷӯён аз китобоҳо ва асарҳои Пешвои муаззами миллат ва намоиши асарҳои рассомии донишҷӯёни соли аввалиихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ ва санъати тасвирӣ дидан намуданд. Баъди садо додани Суруди миллӣ маҳфили идонаро декани факултет профессор Аслиддин Пӯлотов ифтитоҳ бахшида, ҳозиронро ба даргоҳи факултет хайрамақдам гуфт.
Сипас, дотсент Фирӯза Қаюмова аҳли нишастро бо ҷашнҳои ҳумоюни 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози миллат, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии донишгоҳ таҳният гуфта, саҳми устодони факултети муҳандисӣ-омӯзгориро дар рушди маориф ва илми ҷумҳурӣ назаррас арзёбӣ намуд. Дотсентон Аҳлиллоев Турдимурод, Муқаддас Неъматова, М. Умарова роҷеъ ба марҳилаҳои рушди фаъолияти факултет назари иҷмолӣ намуда гузаштанд.
Қироати шеъру сурудҳо дар васфи Ватан, Тоҷикистон , Пешвои миллат, навозиши асбоби мусиқии дутор, иҷрои рақсҳо ва намоиши саҳнаҳои тарбиявӣдар иҷрои донишҷуён ва хонандагони мактабҳову гимназияҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷолиби диққат буд.
Дар идомаи кори маҳфил иштирокдор ва ғолибони озмунҳои “Иншои беҳтарин” ва “Расмкаши беҳтарин” бо сипоснома ва тӯҳфаҳои садорати факултет қадршиносӣ карда шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил