Факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ: таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият
Донишҷӯёни курси 3-юми ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик ва таҳсилоти ибтидоии факултети муҳандисӣ-омӯзгории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ноҳияи Ҷаббор Расулов таҷрибаомӯзии омӯзгории худро гузашта истодаанд. Дар ҳафтаи аввал донишҷӯён ба дарсҳои фаннӣ ва соатҳои тарбиявии муаллимони мактаб иштирок намуда, донишҳои назариявияшонро бо муқоиса дар амалия омӯхтанд. Дар ҳафтаи дуюм вобаста ба нақшаи корӣ донишҷӯ-таҷрибаомӯзон бевосита машғултятҳои дарсӣ ва соатҳои тарбиявӣ гузаронида истодаанд.
Дирӯз дар чорабинии идона, бахшида ба Рӯзи Модар хонандагон хеле фаъол буданд, ки ин аз маҳорат ва малакаи донишҷӯён – таҷрибаомӯзон, пеш аз ҳама ба маҳорати омӯзгор – методист вобаста буд. Машғулият дар сатҳи касбӣ доир гардида, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ будани усули фаъоли таълимро дарак медод.
Дар фарҷоми чорабинӣмудири шуъбаи таҷрибаомӯзии Донишгоҳ, дотсент Назирҷон Пӯлотов баромад намуда, ташкил ва гузаронидани чунин соатҳои тарбиявии пурмазмунро хуб арзёбӣ намуд.
Маркази иттилоотва таҳлил