Факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ: баргузории шанбегӣ

Дар факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён шанбегӣ гузаронида шуд. Дар ин ҳашари дастҷамъона донишҷӯёни шуъбаи рӯзона иштирок намуда, атрофи факултетро тозаву хуррам ва ба ободонӣ, тозагии миҳити зист саҳмгузорӣ карданд.

Бояд қайд намуд, ки шанбегии мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии донишҷӯён ҳамчун нишонаи маданияти шаҳр, ободу зебо нигоҳ доштани атрофи факултет ва сабзазоркунӣ амалӣ гардид. Ин тадбир ҷиҳати тарбияи донишҷӯён дар рӯяи меҳнатдӯстӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани ҷои кор ва кишвари худ муҳим арзёбӣ шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷомеаи меҳнатии устодону донишҷӯён иқдом гирифтаанд, ки минбаъд низ дар ҳашарҳои дастаҷамъона барои ободонии кишвар ва тозагии миҳити зист саҳмгузорӣ менамоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ