​Факултети математика: Мусобиқаи футболи хурд

Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш дар факултети математика барои ба даст овардани «Ҷоми факултет» аз рӯи намуди футболи хурд байни донишҷӯён мусобиқа ташкилу баргузор грдид. Иттилоъ дода шуд, ки дар мусобиқа 34 гурӯҳ, дар 4 давр байни ҳам рақобат намуданд. Дар рафти мусобиқа донишҷӯён маҳорати баланд варзишӣ нишон дода, ҳаракат менамуданд, ки ба даври оянда гузаранд.

Дар натиҷа ба даври ниманиҳои 4 гурӯҳ (401а,102а, 202в, 204) роҳ ёфтанд ва барои ба даст овардани “Ҷоми факултет” мубориза бурданд. Ҳамин тариқ ба даври ниҳоии мусобиқа гурӯҳҳои 202в ва 204 роҳ ёфта, дар даври финалӣ бо задани зарбаҳои 5 метра гуруҳи 204 пешсаф гардида соҳиби «Ҷоми факултет» гардид.

Ҷойи дуюмро бошад гуруҳи 202в, ва ҷойи сеюм сазовори гурӯҳи 102а гардид. Дар интиҳо ба ғолибонимусобиқа медал, диплом ва «Ҷоми факултет»- супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ