​Факултети иқтисодӣ: Ташрифи донишҷӯён ба китобхона

Солҳои соҳибистиқлолӣ бо иқдоми хирадпмандона ва фарҳанпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи китобдорӣ дар мамлакат рушду такомул ёфта, шавқи ҷавонон бо хондани китоб ва илмандӯзӣ беш аз пеш зиёд гардида истодааст. Ва дар ин росто шумораи китобхонаҳо рӯз аз рӯз афзун гашта, имрӯз тамоми муассисаҳо дорои китобхонаи шахсии худ мебошад. Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ аз зумраи он китобхонаҳое мебошад, ки дари худро ба рӯи хонандагон боз кардааст. Имрӯзҳо ҳазорҳо нафар донишҷӯён ба он ташриф оварда ғизои маънавӣ мегиранд.

Вобаста ба ин як гурӯҳ донишҷӯёни ихтисоси молия ва қарзи факултети иқтисодӣ таҳти роҳбарии куратори гурӯҳ, Парвина Ҳикматова ба Китобхонаи илмии донишгоҳ ташриф оварданд. Ҳадаф аз ташрифи донишҷӯён ин шинос намудани онҳонбо адабиёти тозанашри соҳавию бадеӣ арзёбӣ гардид. Ҳамзамон донишҷӯён аз рӯйхати китобҳошинос шуда, адабиёти лозимаро дархост намуда, барои мутолиа гирифтанд.

Аснои шиносоӣ бо донишҷўён кормандони китобхона дар бораи шароити имкониятҳои мавҷудаи китобхона маълумот дода, роҷеъ ба тарзи дастрас намудани адабиёт, истифодаи қуттиҳои феҳристи китобхона, тарзи хизматрасонӣ дар толорҳо, шуъбаҳо маълумот доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ