​Факултети иқтисодӣ: Таҷлил аз ҷашни Наврӯз

Дар факултети иқтисодӣ аз Наврӯзи байналмилал бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд. Ба ин муносибат бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи ректор профессор Раҳимов Абдуфаттоҳ чорабинӣ доир гардид.

Профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов садорати факултет ва устодону донишҷӯёнро бо Наврӯз табрик гуфта, аз шукуҳу нуфузи ин ҷашни аҷдодӣ таъкид кард.

Гуфта шуд, ки ба шарофати истиқлолияти давлатӣ 21-уми марти ҳар сол фарорасии соли нави аҷдодиамон - Наврӯз якҷо бо айёми эҳёи табиат ва оғози корҳои кишоварзӣ дар сатҳи давлатӣ ва бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

“Бузургдошти Наврӯз – умуман бузургдошти таърих ва тамаддуни башарист, ки дар тӯли садсолаҳо арзишҳои неки инсониро дар худ таҷассум кардааст” – зикр намуд профессор Раҳимов.

Дар доираи ташаббуси мазкур дар факултети иқтисодӣ оинҳои наврӯзӣ ва расму русуми аҷдодӣ ба намоиш гузошта шуда, моҳияти Наврӯз ба таври шоиста мунъакис гардид.

Донишҷӯён бо маърӯзаву баромад ва саҳнаҳои ибратбахш ба чорабинӣ мазмуни бештар эҳдо намуданд.

Барномаи фарҳангӣ анҷомбахши ҷамъомади идона буд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ