​Факултети иқтисодӣ: мулоқот бо волидайни донишҷӯён

Дар факултети иқтисодӣ вохӯрӣ бо волидайни донишҷӯёни курси якуми ихтисосҳои кори бонкӣ, аудит ва ревизия, баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит, молия ва қарз, андоз ва андозбандӣ, маркетинг ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ бо иштироки декани факултет, дотсент Манзура Нуриддинова муовинони декан мудирони кафедраҳо ва омӯзгорону кураторони гурӯҳҳои академикӣ баргузор гардид.

Декани факултет Манзура Нуриддинова баромад намуда, ҳадафи вохӯрии мазкурро шинос намудани волидайн ва донишҷўён бо низомнома ва қарору фармонҳои амалкунанда дар соҳаи маориф, пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни ҷомеа ва монанди инҳо маънидод намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таълиму тарбия, мазмуну муҳтавои низомнома ва қарору фармонҳои амалкунанда дар соҳаи маориф мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, ба самъи волидайн расонида шуд ва риояи онҳо аз ҷониби эшон бори дигар ёдрас гардид. Зимнан, аз тарафи кураторони гурӯҳҳои академӣ оид ба пешгирии ҷавонон ба шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ маълумот пешниҳод гардида, аз падару модарони донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин самт фарзандони худро зери назоратӣ ҷиддӣ диҳанд.

Дар идома сарпарастони гурӯҳҳои академӣ доир ба хислату рафтор ва иштирок дар дарсҳо ҳамчунин аз худ намудани дарсҳои шогирдони худ ба волидайни онҳо ҳисобот пешниҳод намуданд.

Баъди баррасии масъалаҳои зикршуда, волидайни донишҷӯён ба музокира баромаданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ