​Факултети физикаю техника: озмуни ихтироъкорон ва навоварон

Дар факултети физикаю техника бо ташаббуси кафедраи электроника озмуни ихтироъкорон ва навоварон байни устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Декани факултет дотсент Абдумалик Қаюмзода чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, ба аҳли ҳозирин оиди навоварӣ ва ихтироъкорӣ дар байни устодон ва донишҷӯён маърӯза ироа намуд. Зикр шуд, озмуни итироъкорӣ ва навоварӣ дар заминаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва касбу кори гуногун баргузор мегардад.

Сипас мудири кафедраи электроника Юсупов Зарифҷон оиди мавзуи зикршуда ибрози назар намуд.

Да идома унвонҷӯ Нилуфар Ҷавҳарова дар мавзуи “Таҷҳизоти элементи офтобӣ барои афзоиши растанӣ” ва омӯзгор Комронҷон Исмоилов дар мавзуи “Таҷҳизот барои муайян кардани параметрҳо ва ҷоришавии ҷараёнҳои тағӣирёбанда” маърӯза ироа намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ