​Факултети филологияи тоҷик: раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён

Як гурӯҳ таҷрибаомӯзони факултети филологияи тоҷик, ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик таҷрибаи омӯзгории худро дар МТМУ №6 шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти точик Шоира Пулодова гузаронида истодаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳафтаи аввал таҷрибаомӯзон ба дарси муаллимони вобасташуда ва ҳамчунин омӯзгорони пешқадами муассисаи таълимӣ иштирок карда, аз нозукиҳои дарс шинос шуданд. Гуфта шуд, ки равиши машғулиятгузарии омӯзгорони пуртаҷриба барои донишҷӯён ва мутахассиони ҷавон илҳомбахш буда, таҷрибаомӯзон барои худ бисёр бардоштҳои зарурӣ гирифта, дар дафтари хотиравӣ ва таҳлилии худ қайд намуданд.

Ҳамзамон роҳбари тахассусӣ бо тарзи ҳуҷҷатгузорӣ ва номгӯи корҳо ҳайати гурӯҳро шинос карда, дар муассисаи мазкур гӯшаи таҷрибаомӯзӣ ташкил карда шуда, рӯйхати навбатдорон ва ҷадвали дарсӣ мураттаб гардид.

Аз ҳафтаи дуюми таҷрибаомӯзон ба синфи вобасташуда дар доираи 4-5 соатӣ дарсҳои озмоишӣ гузарониданд.

Қайд гардид, ки таҷрибаомўзӣ зинаи муҳими омода кардани кадрҳои соҳибтахассус ба ҳисоб меравад. Татбиқи донишҳоиназарии дар давоми таҳсил бадастоварда маҳз дар ҳамин давра анҷом дода мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ