Факултети филологияи тоҷик: Мулоқот бо волидайни донишҷӯён

Дар толори факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохӯрии декани факултети филологияи тоҷик, муовинони декан оид ба таълиму тарбия, мудирони кафедраҳои журналистика ва назарияи тарҷума ва устодон бо волидони донишҷӯёни соли аввали бахши журналистика ва назарияи тарҷума доир гардид.

Дар оғоз декани факултет, дотсент Муҳаббатхон Тиллохоҷаева иштироки волидони донишҷӯёнро хайрамакдам гуфта, оид ба таълиму тарбия ва таҳсили фарзандони онҳо суханронӣ кард. Баъдан, муовини декан оид ба таълим, дотсент Шӯҳрат Раҳматов роҷеъ ба иштироки донишҷӯён ба машғулиятҳо гуфта гузашт. Ҳамзамон, мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума, дотсент Каримбой Комилов оид ба таҳсил, интизоми намунавӣ, аз шарту шароити таҳсил ва пас аз хатм донишҷӯён ҳамчун рӯзноманигор дар кадом самтҳо фаъолият бурда метавонанд ҳарф зад. Қайд гардид, ки ҳар як падару модарро зарур аст, пайваста аз натиҷаи таҳсили фарзандони худ огоҳ бошанд ва ҳангоми ягон масъалае нисбат ба таҳсили онҳо пайдо шудан, ба садорати факултет ва кафедра муроҷиат карда, ба саволи худ посух гиранд.

Дар идомаи чорабинӣ роҳбарони гурӯҳҳои академӣ бахши рӯзноманигорӣ бо волидони донишҷӯён нисбати макони зист, тарзи пӯшидани сару либос ва монанди инҳо сӯҳбат оростанд.

Баъди баррасии масъалаҳои зикршуда, волидайни донишҷӯён ба музокира баромада, ба раёсати донишгоҳ барои фароҳам овардани шароити хуби таҳсил изҳори сипос намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ