​Факултети филологияи тоҷик: маҳфили “Ошёни Камол” баргузор гашт

Дар доираи ҳафтаи илм дар факултети филологияи тоҷик маҳфили навбатии “Ошёни Камол” бо иштироки донишҷӯён баргузор гардид. Дар маҳфил ду даста бо номҳои “Саррофи сухан” ва “Ганҷ” бахшида ба рӯзгору осори Ҳаким Низомии Ганҷавӣ аз рӯи 8 шарт байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дотсенти кафедра Шарифҷон Тоҷибоев маҳфилро ифтитоҳ намуда дастаҳоро бо шартҳои озмун шинос намуда, ҳайати ҳакамони озмунро муаррифӣ намуд. Дастаҳо аз рӯи шартҳои “Саломнома ва муаррифи даста”, “Ифтоданок хондани шеър”, Байтбарак дар асоси осори Низомӣ”, “Ҳифзи зиёди ашъори Низомӣ”, “Саҳнаи адабӣ”, “Саволу ҷавоб доир ба рӯзгору осори Низомӣ” байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ, дотсент Ҳалимҷон Зоиров, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик, дотсент Мутриба Мавлонова ва мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик, дотсент Муҳаббат Тиллохоҷаева ҳамчун ҳакамон ба шартҳои озмун баҳогузорӣ намуданд.

Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон дастаи “Саррофи сухан” бо гирифтани 96 хол ғолиби озмун дониста шуд. Дастаи “Ганҷ” ғолибият ба даст наоварда бошад ҳам бо гирифтани 87 хол иштироки фаъол дошт.

Дар поёни маҳфил декани факултет профессор Замира Ӯлмасзода аз иштироки фаъоли донишҷӯён изҳори ташаккур намуда, қайд кард, ки маҳфил дар сатҳи баланд доир гардид. Донишҷӯёни ҳарду даста ҳам дар ҷараёни иҷро намудани шартҳо фаъолнокӣ нишон медоданд.

Ғолибони озмун бо “Ифтихорнома”-и садорати факултет ва туҳфаҳои қадршиносӣ гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ