​Факултети филологияи рус: мулоқот бо волидайни донишҷӯён

Дар факултети филологияи рус вохӯрӣ бо волидайни донишҷўёни курси як баргузор гардид.

Вохӯриро декани факултети филологияи рус, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Раъно Шаропова ҳусни оғоз бахшида, тарбия наслҳои ҷавонро дар рўҳияи ватандўстиву хештаншиносӣ вазифаи муқаддас шуморид. Зикр шуд, ки, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат, гиромидошти тамомияти арзӣ ва якпорчагии Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ватандӯсту хештаншинос мебошад.

Ҳамзамон дар мулоқот масъалаҳои мухталиф, аз қабили риояи санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф, дастурамали либосҳои тавсиявӣ, мубориза алайҳи падидаҳои номатлуби ҷомеаи муосир, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, иштироки донишҷӯён дар машғулиятҳо мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар интиҳо перомуни мавзуҳои баррасишуда миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифта, волидайни донишҷӯён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ