Файзи истиқлол ва миллати хушиқбол

Интиҳои қарни ХХ ва оғози қарни XXI барои миллати куҳантаърих, куҳанбунёди тоҷик ва тамоми сокинони Тоҷикистон марҳилаи сарнавиштсоз ва сифатан нави таърихӣ гардид. Бар асари таъсири омилҳо ва ангезаҳои дохиливу сиёсӣ давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳам пош хӯрда, ба ҷои он ҷумҳуриҳои нави мустақил дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи вуҷуд намуданд.

Санаи 9 сентябри соли 1991 Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) тибқи “Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки онро Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз таърихи 24 августи соли 1990 қабул намуда буд, ду санади хеле муҳиму сарнавиштсози таърихӣ – “Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон карда шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул намуд. Санадҳои мазкур дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдории ворисони Оли Сомон гардиши куллие гардида, дар харитаи сиёсии ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлоли тоҷикон арзи вуҷуд намуд.

Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамият ва арзиши ин санаи муқаддас ва сарнавиштсозро чунин маънидод ва арзёбӣ намуда, таъкид менамоянд: “9 сентябри соли 1991 барои миллати мо на танҳо ҳамчун рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, балки ҳамчун санаи барқарорсозии адолати таърихӣ азизу арҷманд аст, зеро баъди шикасти давлати Сомониён, шояд бори нахуст буд, ки ҳаёт ба тоҷикон имконияти нодиру беназирро пешкаш намуд, ки давлати ягонаи миллии хешро барпо кунад ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми шоиставу сазовор пайдо намояд”.

Инак 30 сол мешавад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мардуми соҳибиқболи он дар роҳи пуршарафи истиқлол қадамҳои устувор гузошта чун миллати хушиқбол аз неъмати пурфайзи он баҳравар аст ва дар ҷодаи таҳкими истиқлолияти воқеии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ ба дастовардҳои чашмрас ноил гардид.

Таърихро маъмулан довари ҳақгӯ ва мизони ҳақиқат ва адолат меноманд. Аслан 30 сол дар муқоиса ва мушоҳида бо дарозои таърих ва тамаддуни анқариб 6 ҳазорсолаи мардуми дорои таърихи хеле қадиму ғанӣ ва фарҳанги волою ҷаҳонгири тоҷикон, лаҳзае беш нест. Аммо дар тӯли ин 30 сол дар Ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол ва сарнавишти миллати хушиқболи он чунин ҳодисаву рӯйдодҳо, дигаргуниҳо, навгониҳо ва таҳаввулоти куллие баамал омаданд, ки аз ҷиҳати мазмун, моҳият ва тағйиротҳои бузург дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагии мардуми мо гардида, аз лиҳози аҳамият, арзиши худ баъзан аз ҳаводису саргузашти садсолаҳои дар таърихи халқамон арзи вуҷуднамуда бузургтару пурмӯҳтаво, пурҳашамат, пурарзиш ба ҳисоб меравад.

Бузургтарин неъмат ва дастоварди мардуми тоҷик ва сокинони Тоҷикистон дар ин давра пеш аз ҳама соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ, ба сарнавишти худ,бунёди давлати навин ва соҳибистиқлол, хотима гузоштан ба ҷанги бемаънии таҳмилии шаҳрвандӣ, расидан ба оштии миллӣ, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, якпорчагӣ ва ваҳдати миллӣ, қадамҳои устувор дар роҳи таҳкими истиқлолияти иқтисодӣ, ғоявӣ, фарҳангӣ ва ноил шудан ба мақоми шоиста дар арсаи ҷаҳон маҳсуб меёбад.

Маҳз ба шарофати сиёсати оқилона, ҷасурона, дурандешона ва созандаю бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати хушиқболи мо дар роҳи бунёди давлати миллии демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона, иҷтимоӣ, дунявӣ ба комёбиҳои бузург ноил гардид. Толеъ ва бахти миллати мо буд, ки дар лаҳзаҳои душвору сангин ва сарнавиштсоз ин марди худодод ба саҳнаи сиёсат омада, чун фарзанди сарсупоридаи миллат зимоми давлатдориро ба дасту души худ гирифта, миллатро аз парокандагӣ ва давлати ҷавони соҳибистиқлоли моро аз нобудӣ раҳонид.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии нахустини худ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки ба ин мақоми баланд 19 ноябри соли 1992 интихоб гашта буданд, чунин иброз доштанд:“Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Ман ҷонибдори давлатии демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Ҳар чӣ аз дастам меояд дар ин роҳ талош хоҳам кард”. Воқеан иқдоми башардӯстона, дасти сулҳу дӯстӣ аз ҷониби Сарвари тозаинтихоби тоҷикон ва Ҳукумати Тоҷикистон пешкаш гардида, нахустин хишити девори сулҳу оштии миллӣ ва ваҳдати мардум тоҷик дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон гузошта шуд.

Мардуми тоҷик ва тамоми тоҷикистониён Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсии худро ба ҷаҳониён эълон намуда, роҳи бунёди давлати миллӣ ва соҳибистиқлоли худро пеша намуд ва онро дар қонуни асосии худ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 6 ноябри соли 1994 ба тариқи райъпурсии умумӣ қабул гардид, ба ҳукми қонун даровард. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар пояи ғоя, андеша, тафаккур, анъана, таърих, тамаддун ва фарҳанги миллии мо, афкору андеша ва қонунҳои ҷаҳони мутамаддин эҷод гардида, сарчашмаи андеша, идеология ва ғояи миллӣ маҳсуб меёбад ва роҳи моро дар бунёди давлати мутамаддин, мутараққӣ муайян месозад.

Ислоҳоти сиёсӣ, таъсис ва фаъолияти Парлумони дупалатагии мамлакат – Маҷлиси Олӣ, ки аз Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ иборат аст, ба вуҷуд омадани низоми бисёрҳизбӣ, озодии сухан, виҷдон, андеша ва дигар падидаҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар таҳкими пояҳои сиёсӣ, эъмори давлати воқеан миллӣ, таҳия ва қабули қонунҳо ва санадҳое, ки ба ҳимояи манфиатҳои миллӣ, давлатӣ ва мардуми мо равона шудаанд, дар роҳи давлатсозӣ ва давлатдории навини тоҷикон қадамҳои устувор ва калидӣ гардиданд.

Таҳкими Истиқлолияти иқтисодӣ ҳамчун поя ва рукни асосии Истиқлолияти комил яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати имрӯзаи Президенти кишвар ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Мусаллам аст, ки Истиқлолияти иқтисодӣ заминаи асосии пешрафти мамлакат ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагии мардум, муваффақона пеш бурдани сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Маълум аст, ки бар асари таъсири бӯҳронишадиди сиёсӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, иҷтимоӣ, ғоявӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистон ба душвориҳои сангини иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардид. Пас аз расидан ба сулҳу оштӣ аз соли 1997 пастравии нишондиҳандаҳои иқтисодиёти миллӣ боз дошта шуда, ҷумҳурӣ тадриҷан ба бартараф кардани падидаҳои бӯҳронӣ ва рушди минбаъда қадам гузошт. Дар ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ ва бартараф кардани бӯҳрони молиявию иқтисодӣ, ки аксари кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифта буд, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ муяссар гардид, ки рушди иқтисодию иҷтимоиро дар мамлакат ба эътидол орад. Соли 2010 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 1997 2,6 баробар афзуда, рушди миёнаи ҳарсолаи он 7,1 фоизро ташкил намуд. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,5 баробар, кишоварзӣ 2,8 баробар, ҳаҷми гардиши савдои чакана 3,2 баробар ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 7,8 баробар зиёд гардида, ҳаҷми буҷети давлатӣ 75 баробар, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 36,3 ва даромадҳои пулии аҳолӣ 38 баробар зиёд афзоиш ёфтанд.

Солҳои 1992-1995 буҷети давлатӣ, ки қариб қурб надошт, сатҳи сатҳи беқурбшавии пул зиёда аз чор рақамро ташкил медод. Аз соли 1995 ба танзим даровардани буҷет оғоз гардида, ҳаҷми даромади он ба соли 1997 110 миллион, соли 2000 ба 250 миллион, соли 2011 8,3 милиард сомонӣ, дар ҳафт соли охир аз 12 милиард сомонӣ ба 23 милиард сомонӣ расид. Сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 72, 0 фоизи соли 2003 ба 45, 0 фоиз дар соли 2010, 27,5 фоиз дар соли 2020, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон ба 75 сол расид.

Яке аз дастовардҳои асосии иқтисодии ҷумҳурӣ дар солҳои Истиқлолият ин гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ мебошад. Мақсади он пеш аз ҳама барои таъмин кардани талаботи аҳолӣ бо молҳои сифатан баланди ниёзи мардум, самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ, истифодаи пурраи захираҳои меҳнатии мамлакат, истеҳсоли молҳои ба рақобат тобовар ба ҳисоб меравад. Хусусӣ ва ғайридавлатӣ гардонидани моликият ва корхонаҳо яке аз шартҳои асосии рушди иқтисодиёт дар шароити бозоргонӣ ба ҳисоб меравад. Агар соли 1991 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 39 корхона ғайридавлатӣ гардида бошад, солҳои 2003-2009 4068 корхонаҳо ғайридавлатӣ карда шуданд ва то 1 январи соли 2010 85 фоизи корхонаҳои ҷумҳурӣ ғайридавлатӣ гардиданд.

Барои расидан ба Истиқлолияти комили иқтисодӣ Ҳукумати Тоҷикистон 4 ҳадафи стратегӣ – таъмини амният ва истиқлолияти энергетикии мамлакат, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқавории кишвар, саноатикунонии босуръати мамлакатро эълон намуда, дар ин роҳ комёбиҳоиназаррас ба даст оварда шуд.

Имрӯз Тоҷикистон ба майдони сохтмони иншоотҳои бузург ва арсаи меҳнати созандагию бунёдкорӣ табдил ёфтааст. Бунёди неругоҳҳои барқи обии Сангтуда 1, Сангтӯда 2, Роғун ва садҳо неругоҳҳои барқи обии хурду миёна, таҷдиди НБО-и Норак, Қайроққум, сохтмон ва таҷдиди роҳҳоиавтомобилгард, нақбҳои Истиқлол, Шаҳристон, Шар-шар, Чормағзак, пулҳои бузурге, ки моро бо кишвари ҳамсоя Афғонистон мепайвандад, садҳои корхонаҳои нави саноатӣ, ин ҳама барои бунёди пояи мустаҳками бинои пуршукуҳи истиқлолияти иқтисодӣ хидмат менамоянд.

Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоб рафта, 66,1 фоизи мардуми ҷумҳурӣ дар ин самт кору фаъолият доранд. Дар тӯли ҳафт соли охир дар самти азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии фонди замин 12 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағи 2 милиард сомонӣ тадбиқ гардидааст. Ҳоло тадбиқи чунин лоиҳаҳо ба маблағи 665 милион идома дорад.

Ба шарофат ва файзи соҳибистиқлолӣ ва соҳиб гаштан ба Истиқлолияти ғоявӣ, маънавӣ, фарҳангӣ масъалаи хештаншиносӣ, худогоҳӣ, ҳуввият ва ифтихори миллӣ, ватанпарастӣ ҳамчун яке аз омилҳои таҳкими истиқлолияти миллӣ аҳамияти калидиро касб намуда, онро дар меҳвари сиёсати фарҳангӣ ва маънавибунёди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ аз нахустин марҳилаи ба даст овардани Истиқлоли миллӣ ба рушди илму маориф ва неруи зеҳнию ақлонии мамлакат таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқоти худ бо кормандони соҳаи маориф, ки 22 декабри соли 2005 баргузор гашта буд, чунин иброз доштанд: “Маориф омили муҳимтарини ҳастии давлат ва наҷоти миллат аст. Мо соҳаи маорифро сати асосӣ ва стратегии сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон намудем”.

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои соҳаи маорифро дар замони истиқлол дар муқоиса бо оғози солҳои 90-уми асри ХХ таҳлил намуда, бо рақамҳои мушаххас қайд намуданд, ки дар ин самт дар тамоми самтҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти олии касбӣ дастовардҳои зиёд ба назар мерасанд.

Соли 2020 дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бо харҷи умумии беш аз 900 миллион сомонӣ барои 63 ҳазор ҷои нишаст бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд.

Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар ҷумҳурӣ 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷои нишаст сохта ба истифода дода шудааст. Дар даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии 69 ҳазор нафар донишҷӯён фаъолият доштанд. Ҳоло шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41 адад, шумораи донишҷӯён ба 245 ҳазор нафар ва бо иловаи донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, ба 285 ҳазор нафар расиддааст.

Бо мақсади баланд бардоштани маънавиёт, фарҳанг ва рӯ овардан ба китоб озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ”, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон ватани азизи ман” миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва калонсолон эълон карда шудааст. Ҳадафи ин чорабиниҳо пеш аз ҳама рӯ овардан ба китоб, таблиғи фарҳанги китобдӯстӣ ва табдил додани китобхонаҳо ба маркази муҳими илму фарҳанг мебошад. Дар ҷумҳурӣ ба чопи китобҳои дарсӣ, илмӣ, бадеӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуда, солҳои 2014-2019 аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ қариб 6 миллион хусха китобҳои бадеӣ, аз ҳисоби Вазорати фарҳанг беш аз 2 миллион нусха китобҳои бадеӣ ва 38 ҷилди китоби “Ахтарони адаб” бо теъдоди 190 ҳазор нусха нашр ва дастраси хонандагон гардиданд.

Яке аз иқдомҳои наҷиби Пешвои миллат аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп ва то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи тоҷикистониён тӯҳфа намудани шоҳасари безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” маҳсуб меёбад.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми хушиқболи тоҷик файзу баракати зиёд оварда, тамоми сокинони Тоҷикистон аз меваҳои он бархурдор мебошанд ва имрӯз аз озодӣ ва ободии Ватани азизи худ ифтихор намуда, барои пешрафту ободии он, барои ба як давлати мутараққӣ, мутамаддин ва шукуфо табдил додани Тоҷикистони соҳибистиқлол пайваста кӯшишу ғайрат менамоянд.

Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло - доктори илмҳои таърих, профессор, ректори МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ