Ёрии методиву амалӣ ба шахсони имконияти маҳдуди саломатидошта

Дирӯз дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус ҷаласаи аввалини Ассотсиатсияи нуқсоншиносонивилояти Суғд баргузор гардид.

Ба ҷаласаи Ассотсиатсия26 нафар нуқсоншиносон ва мутахассисони соҳаи педагогика ва психологияи махсус аз шаҳру ноҳияи вилояти Суғд даъват гардиданд. Ҷаласаро директори Институти илмӣ-таҳқиқотии илмҳои педагогии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шавкат Шаропов ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҳадафу маромҳои он ёдовар шуд. Сипас, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ Зикриё Раҳмоновбаромад намуда, ҳамагонро бо низомнома, мақсад, вазифа ва мундариҷаи фаъолияти Ассотсиатсияи нуқсоншиносони вилояти Суғд шинос намуд.

Баъдан, аз ҷониби аъзоёни Ассотсиатсия дотсенти кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ Зикриё Раҳмонов – раис, мудири кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ, дотсент Элмуродова С.Х. ва духтур-логопеди Маркази саломатии №5-уми шаҳри Хуҷанд Ёқубова М.–муовин интихоб гардида,10 нафар ба аъзогии Шӯро шоимил гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Ассотсиатсияи нуқсоншиносони вилояти Суғд ҳамчун ташкилоти мустақили ҷамъиятӣ фаъолияти хешро бо мақсади расонидани ёрии методиву амалӣ дар таълим, тарбия ва таъсироти ислоҳкунанда ба шахсони имконияти маҳдуди саломатидошта ба роҳ монда, он бо дастгирии бевоситаи ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ва қарори Шӯрои олимони МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” тасдиқ ва дар назди Институти илмӣ-таҳқиқотии илмҳои педагогии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров” таъсис дода шудааст.

Дар охири ҷаласа нақшаи кории фаъолияти ассостсиятсия барои соли 2022 муҳокима ва тасдиқ карда шуда, байни иштирокчиён саволу ҷавоб доир гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ