​English – in modern life

Бо иқдоми кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ таҳти унвони “English – in modern life” бахшида ба ҳафтаи забони англисӣ чорабинии илмӣ гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур декани факултет профессор Абдуллоева Меҳриниссо, сардори маркази забономӯзии“Сафинаи дурахш” ва намояндагони “English without borders”, омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Декани факултет чорабиниро ифтитоҳ бахшида, доир ба нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ибрози назар намуд.

Дар идома намояндаи “English without borders” доир ба нозукиҳо ва аҳамияти омӯзиши забони англисӣ баромад намуд.

Донишҷӯён дар бораи забондонӣ тариқи муаррифӣ маълумоти муфид манзур доштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ