Эмомалӣ Раҳмон-таҳкимгари давлатдороии миллӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихӣ буда, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузоштанд ва дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, ҷомеаро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақил хизматҳои бузурги тақдирсоз намуда, барои пойдориву бардавомии давлатдории миллӣ нақши беназир бозиданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияте Сарвари тоҷикон интихоб шуданд, ки мамлакат дар оташи ҷанг месўхт. Ба шарофати иродаи қавии ин абармарди ҷаҳони сиёсат хатарҳо бартараф гардида, ягонагии Тоҷикистон таъмин карда шуд. Дар ҷаҳони маънавии Эмомалӣ Раҳмон ормонҳои милливу мардумӣ ва эҳсоси ворисияти таърихӣ ба таври амиқ ҷой гирифта, сиришти ў аз масъулияти баланди номуси миллӣ ва ватандорӣ иборат мебошад. Ин хислатҳои ҳамида ва ҳаётдўстона Пешвои миллатро дар таърихи давлатдории тоҷикон шўҳратёр гардонида, кору пайкораш мактаби бузурги ватандўстӣ ва миллатдўстӣ мебошад.

Дар тўли зиёда аз 30 соли Истиқлолияти давлатӣ Сарвари кишвар барои таҳкими ҳуввияти миллӣ ва шакл гирифтани тафаккуру андешаи миллӣ талош варзида, Тоҷикистонро ба оламиён муаррифӣ намуданд, ифтихори миллиро дар рўҳу ҷони мардум ҷой доданд, ҳаммеҳанонро ба офарандагиву созандагӣ ҳидоят карда, риштаҳои муҳаббату ҳамдилиро байни тоҷикону тоҷикистониён пайванд намуданд.

Пешвои миллат дар Паёму суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки ҳар қадар солҳо сипарӣ шаванд, ҳамон андоза аҳамияти сулҳу ваҳдати миллӣ барои халқу давлати Тоҷикистон равшантар шуда, ормонҳои волои истиқлолият таҳким меёбад ва мо ба сўи ояндаи нек қадамҳои устувор мегузорем. Дар асоси ҳамин ҳидоятҳои Пешвои миллат сулҳу ваҳдат дар ҷомеаи мо қавӣ гардида, фарҳанги миллӣ ташаккул меёбад ва рушд мекунад. Рисолати таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки бо заҳмат ва меҳнати ҳалоли худ дар миёни аҳли ҷомеа эътибори хоса пайдо карданд, мавқеи Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштанд ва пешниҳодҳояшон аз ҷониби аксари давлатҳо пазируфта шуда, боиси баланд рафтани мавқеи Ватан дар арсаи байналмилалӣ гардиданд.

Ташаббусҳову иқдомҳои наҷибона ва инсонпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон дар боби ҳимояи арзишҳои олии инсонӣ, мубориза бо равандҳои номатлуби зидди башарӣ, аз қабили терроризму экстремизм ва роҳандозии ҳамкорию робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо давлатҳои хурду бузурги олам Тоҷикистонро ба кишваре табдил дод, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт намунаи ибрати дигар кишварҳо гардидааст. Дар партави ин сиёсат халқи тоҷик қудрати созандагии хешро амиқ эҳсос кард ва ба бунёдкориву офаринандагӣ қиём намуд, ки симои мамлакатро аз дурдасттарин деҳот то шаҳрҳои бузург, тадриҷан дигаргун намуда Тоҷикистонро ҳусни тоза афзуд ва набзи онро бо набзи замону набзи ҷаҳон ҳамсадо гардонид. Ин ҳама талошҳою кушишҳои шабонарӯзии Пешвои миллат баҳри ободии кишвар ва барои ҷавонони имрӯзу фардо буда, барои зиндагии шоистаи пайвандгари наслҳои ҷавон аст. Имрӯз ҷавонони моро зарур аст ба қадри ин хизматҳои бузурги Пешвои миллат бирасем ва дастаҷамъона баҳри ободии кишвар хизмати шоиста кунем ва барои наслҳои оянда аз таърихи бой ва давлати ободи худро мерос гузорем.

Саркорбобоева М.М. - омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ