Эмомалӣ Раҳмон - поягузори давлатдории навини тоҷикон

Озодиву истиқлол барои ҳар миллат дастоварди бузург ба ҳисоб меравад. Миллати тоҷик дар тўли садсолаҳо бо ормони давлати мустақили миллӣ зиндагӣ ба сар мебурд ва дар тўли ин ҳама давронҳои тўлонӣ ҷони садҳо фарзандони содиқу меҳанпарасташро аз даст додааст.

Барои миллати тоҷик дар охирин даҳаи қарни бистум, ки он вақт Тоҷикистон қадамҳои нахустинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо хатари нобудшавии давлат ва миллат рў ба рў омад, ниёз ба чунин шахсияти наҷотбахш ва тавоно ба миён омад. Ҳазорон шукр, ки аз миёни фарзандони миллати куҳанбунёди мо чунин шахс пайдо шуд. Ва ин шахс Эмомалӣ Раҳмон аст. Агар шуҷоату мардонагӣ ва ҷуръати сиёсии Эмомалӣ Раҳмон намебуд, аз даст додани истиқлолияти давлатӣ як амри воқеӣ буд.

Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақте зимоми сиёсиро ба

даст гирифт, ки қувваҳои худхоҳ, воқеан, низоми давлати тоҷиконро, ки бо амри тақдир истиқлолият касб карда буд, пора – пора карда буданд.

Дар мамлакат беҳокимиятӣ ва бесарусомонии сиёсӣ ҳукмрон буд. Минтақаҳои ҷанубӣ ва пойтахти мамлакат дар дасти гурўҳҳои ғоратгари мусаллаҳ қарор доштанд. Мардум ба сабаби даргириҳои байни гурўҳҳои мусаллаҳ дар тарсу ҳарос ва изтироб умр ба сар мебурданд. Ҳокимони давр – онҳое, ки то дирўзи наздик худро «хизматгори халқ» меномиданд, аз вазъи ноором ва барояшон «мусоиди» кишвар истифода бурда, бо азхудкунии моликияти давлатӣ машғул буданд ва коре ба ҳоли ошуфтаи мардуми мусибатзада надоштанд.

Дар ин лаҳзаҳои ғамангез Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун наҷотдиҳандаи миллат ва давлат, ба майдони сиёсати ҷаҳонӣ ворид шуд. Мардуми тоҷик дар шахси намоядагони худ дар Парлумони кишвар ягона қадами дуруст ва бехато гузошт ва сарнавишти миллат ва давлати тоҷиконро ба дасти ҷавони ватандўст, ҷасур ва хирадпеша Эмомалӣ Раҳмон супурд.

Хидмати бузурги Эмомалӣ Раҳмон дар назди миллати шарифи Тоҷикистон ва таърихи миллат дар он аст, ки ин шахси нодир ва сиёсатмадори дурандеш дар шароити печида ва муракабби муноқишаҳои ҳамватанӣ ва ҷанги таҳмилӣ давлатдории тоҷикон ва бақои давлатро аз парешонӣ ва фано шудан ҳифз намуд. Аз ин рў, бо итминони комил метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст. Маҳз шахсияти Эмомалӣ Раҳмон дар баробари фитнаи душманони миллати тоҷик, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ халқи моро борҳо ба гирдоби хун кашида буданд, қодир ба истодагарӣ кард. Ва ин дафъа бо хости сарнавишт дар раъси давлати мо шахсияте қарор гирифт, ки ғайричашмдошти бисёриҳо тамоми ҳадафҳои бадхоҳони миллати моро барбод дод.

Аввалин хизмати шоистаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хотима додани ҷанги байни тоҷикон буд. Ў ба ваъдаи худ вафо карда бо саъю кўшишҳои зиёди пайгирона ба мамлакат сулҳу субот овард.

Яке аз муҳимтарин вазифае, ки дар пеши роҳбари Тоҷикистон қарор дошт, ин пиёдасозии барномаи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва мутамаддин буд. Ва муҳимтарин марҳалаи амалӣ намудани ин барномаи стратегӣ қабули Конститутсия ба шумор мерафт.

Ҳалли мушкилоти иҷтимоии муҳоҷироне, ки ба кишварҳои ҳамсоя аз ҷанг паноҳ бурдаанд ва онҳое, ки аз мавзеъҳои даргирӣ ба нуқоти ороми кишвар кўч бастаанд, танҳо аз дасти давлате, ки муҳофизати манфиатҳои миллиро сармашқи кори худ қарор додааст, бармеояд. Агар ҳукумати тозаинтихоб қодир ба захмҳои садҳо ҳазор овора, гурезагону кўчбастагон, бозмондагони хонаводаҳои қурбониёни ҷанг, ятимону бепарасторону маъюбон марҳамгузор шавад, дар он сурат эҳёи дигарбора ва шукуфоии Ватан ва ободии шаҳрҳову деҳот, боло рафтани сатҳи зиндагии мардум муяссар мегардад, заминаи рушду тараққии мамлакат фароҳам меояд. Аммо ин кор дар он вақт хеле душвор буд.

Ба ин хотир ва ба сифати нахустзаминаи оштии миллӣ Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар даргириҳои мусаллаҳона ширкат намудаанд ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд ва онҳое, ки яроқҳои худро месупоранд, қонун қабул намуд. Вале ин иқдоми давлат, ҳамчуноне, ки интизор мерафт, натиҷаи матлуб ба бор наовард. Зеро, ҷанги бародаркушӣ, ки бо ҳезуми эҳсосҳои шадиди инсонӣ – кина, хусумат, нанг, интиқом – дар мегирад, ба осониҳо хомўш намегардад. Ин аст мушкилии кор ва ин аст мизони вазифаи ҳар касе, ки ба дўши худ масъулияти хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандиро мегирад.

Вале Эмомалӣ Раҳмон аз ин мушкилӣ наҳаросид, зеро вай аз тинати миллати хеш огоҳ буд. Медонист, ки мардуми содадил на аз рўи кинаву адоват нисбати намояндагони маҳаллу нуқоти дигари мамлакат вориди майдонҳо шудааст, балки бар соиқаи иғвои мансабхоҳон ва зери таъсири ҳиллаву найранги сиёсатмадорони навзуҳур, ки ҷоҳу мақом барояшон аз ҷони инсон арзишмандтар аст, дохили ҷанги нангини шаҳрвандӣ гардидааст.

Даъватҳои такрор ба такрори Сарвари давлат аз иштирокчиёни мухолифатҳо бобати аз гуноҳи якдигар гузашта, ба зиндагии осоишта қадам ниҳодан, ки дар ниҳояти самимият изҳор мешуданд, эълони авфи умум, ки борҳо сурат гирифт, батадриҷ самараи матлуб ба бор оварданд.

Барои дарки беҳтар ва барои хубтар пай бурдан ба моҳияти хидматҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмон дар поягузории давлатдории навини тоҷикон ва ба кишвари сулҳу салоҳ табдил додани Тоҷикистон дархўри мақсад медонем, ки чанд ҷумла аз суханони Президенти Шўрои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ Антон Караҷаро, ки дар маросими сарфароз гардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Пешвои асри XXI» гуфтааст, биёварем: «... Мо ҳамагон, дўстони башарият, пайи суроғишахсиятҳои фарзонае ҳастем, ки қарни моро дигаргун сохта, бо амал, идроква неруи ҳастии худ суботи ҷаҳонро барои мову шумо таъмин менамоянд. Мо ба он мақсад омадаем, то ба Пешвои асри XXI, ба марде, ки дар замони низову ҷанги шаҳрвандӣ роҳи сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро барои кишвараш интихоб намуд, марде, ки дар замони таназзулу буҳрон пешрафту шукуфоии мамлакаташро таъмин кард, марде, ки дар ҳамдастӣ ва ҳамзистӣ бо мардуми худ дар кори эҷоди ояндаи неки кишвар, минтақа, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва инсоният талошҳои хастанопазир меварзад, изҳори қадрдонӣ намоем. Ин шахс Президент Эмомалӣ Раҳмон аст».

Бояд иқрор шуд, ки унвони Пешвои асри XXI унвонест, ки номзадҳо танҳо пас аз омўзиши амиқ ва баррасии ҳамаҷониба сарфароз гардонида мешаванд. Бинобар он, ки бо он роҳбарони давлатҳо сарфароз гардонида мешаванд, фаъолияти онҳо даҳсолаҳои амалҳову дастовардҳои ноилгаштаро бо таъсири мусбат ба ҳаёти халқу кишвар таҷассум менамояд.

Обрўю эътибори Президент Эмомалӣ Раҳмон чи дар пеши мардуми Тоҷикистон ва чи дар саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ дар пеши саршинохтатарин

шахсиятҳои сиёсат, пеш аз ҳама, марбут ба хидматҳояш бобати хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ аст. Эмомалӣ Раҳмон, ки бо рисолати таърихии барқарор кардани сулҳу осоиш сарварии мамлакатро бар дўши худ гирифта буд, аз аввалин рўзҳои фаъолияташ роҳи расидан ба мақсудро дар муколама ва муносибати сулҳомез бо тамоми неруҳои сиёсии мамлакат муайян намуд.

Вай дар яке аз аввалин изҳороташ ба сифати усули аслии фаъолияти роҳбарияти Тоҷикистон иброз намуда буд: «Идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ аст…

Мо ягон масъалаи принсипиалии ҷомеаамонро бо роҳи зўрӣ ва аз тариқи набарди мусаллаҳона ҳал карданӣ нестем. Муроду мақсадамон бунёдкорӣ асту бас».

Бо садоқат бар ин усул, Эмомалӣ Раҳмон тарафи мухолифи давлатро ба музокира даъват кард, то масъалаҳои мавриди талоши ҷониби муқобилро на дар сангарҳо ва на бо силоҳ, балки сари миз ва дар ҷараёни гуфтушуниди мусолиҳатомез ҳал намояд. Бояд қайд кард, ки таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ сохти ҷамъиятии сифатан нави ҷавобгў ба арзишҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба вуҷуд омада, иқтисоди бозоргонӣ рў ба тараққӣ ниҳодааст, ки нишонаҳои мусбати онҳо дар рўҳияи одамон ва тарзи зиндагии онҳо таҷассум гаштаанд.

Бо шарофати неъмати истиқлол ва татбиқи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат дар зарфи 28 сол ҳазорҳо километр роҳ, нақбҳо ва дигар иншооту сохтмонҳои азим бунёд ва таъмиру тармим гашта, барои рўзгори пурсаодат ва шоистаи мардуми кишвар шароити мусоид ба миён омадааст.

Бо роҳбарии Пешвои миллат на танҳо бо сохтмони роҳҳо, балки ба бунёди нерўгоҳҳои барқӣ низ эътибори калон дода, корҳои зиёд анҷом дода шудаанд. Дар солҳои истиқлолият нерўгоҳҳои барқии Сангтўда 1, Сангтўда 2 сохта ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин, дар кори истиқлолияти энергетикӣ ба кор даровардани ду агрегати НБО Роғун яке аз дастовардҳои нодиртарин ба шумор меравад, ки онҳо дар натиҷаи сиёсати созандагию бунёдкоронаи Сарвари давлат мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда шуданд.

Имрўз миллати тоҷик роҳбару роҳнамо, роҳбаладу сарвари бузургу кордон ва ифтихорманд Президенти мамлакат Эмомалӣ Рахмонро дорад, ки як миллати бузургро роҳбаладӣ мекунад. Имрўз миллати тоҷик давлати абарқудрат, демократӣ, дунявӣ, созанда ва ҳуқуқбунёд дорад. Имрўз ин миллат муқаддасоти бузурги давлаташро эътироф мекунад. Бояд афзуд, ки ҳаллу фасли ҳар як масъалаи сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ барои Эмомалӣ Раҳмон мисли фатҳи як қуллаи баландтарин аст. Ў барои ҳалли онҳо дилпурона қадам мегузорад ва баҳри иҷрои онҳо тадбирҳои судманд меандешад.

Оре, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қуллаҳои баландро фатҳ хоҳад кард, зеро роҳи пеш гирифтаи ин шахси сиёсӣ роҳест, ки миллати бостонӣ ва тамаддунсози моро дар роҳи расидан ба саодати ҳақиқӣ сазовор хоҳад гардонд.

Бердишукуров А.А.-мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ