​Эмомалӣ Раҳмон – муршиди муҳаббату озодӣ

Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ бо ташаббуси кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон – муршиди муҳаббату озодӣ” чорабинии адабӣ – фарҳангӣ доир гардид.

Чорабиниро декани факултет Шарифиён Муқаддас ифтитоҳ бахшида, дар бораи хидматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини суботи сиёсии мамлакат таъкид дошт.

Дар идома дар мавзуи “Пояи сарҷамъии мо Пешвои миллат аст” маърӯза ироа шуд.

Муаррифии асарҳои Сарвари давлат, қироати шеъру гуфтор, иҷрои суруд дар васфи Ватан ба чорабинӣ муҳтавои бештар бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ