​Эмомалӣ Раҳмон - эҳёгари мероси ниёгони миллати тоҷик

Дар факултети таърих ва ҳуқуқ бо ташаббуси омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа Аюбов ва Аҳрорӣ бо ҷалби донишҷӯёни гурӯҳи 201 ва 202 чорабинӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари мероси ниёгони миллати тоҷик” баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа Аҳрорӣ оиди таҷлили иди Меҳргон суханронӣ намуда, қайд намуд, ки дар замони мо ҷашни Меҳргонро ҳамчун ҷашни ҳосил қайд мекунанд.

Гуфта шуд, ки дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон зироати ғалладона пухта мерасад. Сабзавоту меваҳо ҳосили фаровон медиҳанд. Рӯйи дастархонро ҳама гуна дастранҷи деҳқонону боғдорон зебу зинат мебахшанд.

Инчунин, дар чорабинӣ муаллими кафедра Аюбов қайд намуд, ки Меҳргон яке аз қадимтарин ҷашнҳои фасли тирамоҳ аст, ки дар байни қавмҳои форсизабон расм шудааст. Он баробари инкишофи кишоварзӣ ва ҷорӣ шудани тақвими деҳқонӣ ба миён омадааст. Меҳргон иди ҳосилот аст, ки дар рӯзи эътидоли тирамоҳ оғоз меёбад. Гузаштагони мо ба пешвози ҷашни Меҳргон омодагӣ дида, ҳашарҳои умумихалқӣ ташкил мекарданд, корҳои ободонӣ анҷом медоданд. Дар рӯзи ҷашн либоси нав ба бар карда, ба сайру гашт мебаромаданд ва ба дидорбинии дӯстон мерафтанд.

Дар анҷоми чорабинӣ донишҷӯёни факултети мазкур дар васфи иди Меҳргон шеърҳову гуфторҳо қироат намуда, табъи ҳозиринро болида намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ