Эмомалӣ Раҳмон-абармарди сарнавиштсози миллат

Асри XX барои Тоҷикистон давраи гардиши куллӣ буд. Мардуме, ки бо таърихи ҳазорсолаи худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштааст, дар шароити иттиҳоди ҷумҳуриҳо қарор дошт. Даврони шўравӣ ба Тоҷикистон имкон дод, ки дар як муддати кўтоҳи тараққиёти худ ба зинаи баланди рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барояд.

Маълум аст, ки солҳои 90-уми асри гузашта мамлакати мо истиқлолияти давлатии худро соҳиб шуд. Як муддат шикасти муносибатҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо мамолики аъзои собиқ ИҶШС ба амал омад. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо дастгирии қувваҳои беруна бо мақсади тағъир додани сохти давлатӣ оғоз гардид, ба бўҳрони ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ оварда расонда, мамлакати моро дар ҳолати вазнин нигоҳ дошт. Хушбахтона, ба шарофати сиёсати хирадмандона ва созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вартаи парокандагӣ раҳоӣ ёфта, мардуми Тоҷикистон шинохти ҷаҳонии худро пайдо карданд.

Таърихи халқи тоҷик ва таърихи қавмҳои дигар гувоҳ бар ин аст, ки таҳаввулоти бунёдӣ дар умури сиёсиву иҷтимоӣ, дар тафаккуру андешаи миллӣ, дар фарҳанги зиндагӣ ва дар зеҳну шуури афроди ҷомеъа бо кору пайкори шахсиятҳои барҷаста, шахсиятҳое, ки дар фазилату иродати сиёсӣ, маънавӣ ва ахлоқии худ ормонҳои таърихии мардумро таҷассум кардаанд, пайвастагии тому тамом дорад. Дар ин радиф ду ҷиҳати масъалаи мубрами вобаста ба шахсият ва таърихро қайд кардан бамаврид аст. Аввалан, дар шахсият ва ҷаҳони маънавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ормонҳои милливу мардумӣ ва эҳсоси ворисияти таърихӣ як хосияти фитрӣ мебошад. Зеро дар зеҳну сиришти он кас ҳадди шинохти худу ҷаҳон бар маънои ин муқаддасот ва масъулият дар баробари номуси миллӣ ва ватандорӣ парваришу камол ёфтааст. Сониян, миллати тоҷик ва тамаддуни ҷаҳоншумули он дар фазои таърихи панҷҳазорсолаи худ дар канори пурбаракоташ фарзонагону абармардоне мепарварид, ки дар ҳама давру замон бо ҳимматбаландӣ барои дифоъ аз марзу бум, забону фарҳанг ва номуси миллӣ қадам мезаданд, бо иқтидори ақлу заковати хеш ба арзишҳои бунёдии миллӣ умри дубора мебахшиданд, таърихи миллатро бо шоҳроҳи тамаддуни ҷаҳонӣ пайванди тоза мезаданд.

Шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ бо зиндагӣ ва амали неки худ дар сарнавишти ҳар як халқу кишвар нақши равшан гузошта, гузаштаи пурғановати халқу миллати худро барои ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд, роҳи имрўзу фардоро чун машъали фурўзон нурфишонӣ мекунанд. Дар ин ҷода шахсияти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун чеҳраи барҷаста ва маъруфи сиёсии арсаи байналмилалӣ дорои нақшу мақоми хос мебошад. Аз ҷиҳати мустаҳкам шудани истиқлолият ва пояҳои давлатдории тоҷикон ва рушду нумўъ ёфтани тамоми бахшҳои ҷомеаи кишвар хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Дар таърихи навини халқи тоҷик дастовардҳои истиқлолияти кишвар ва амалҳои бунёдкоронаи ин шахсияти бузург бо ҳамдигар иртиботи ногусастанӣ доранд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат ҳам асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва пешвои сарнавиштсози тоҷикон мебошанд. Ба шарофати сиёсати бунёдкорона ва созандаи ин марди бузург Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргириҳои дохилӣ раҳоӣ ёфта, имрўз чун давлати соҳибихтиёр дар харитаи ҷаҳон ҷой гирифта, онро тамоми мардуми дунё мешиносанд ва эътироф мекунанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» эътирофи ҳамин гуфтаҳои болост.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне дар вазифаи раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба остонаи сиёсати сатҳи баланд қадам гузоштанд, ки мамлакат дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Фарзандони сарсупурдаи миллат бо дарки воқеии таҳдиди хатари нобудшавии мамлакат бар зидди ҷанги бемаънӣ, ҷудоиандозии минбаъдаи халқи дар асари сиёсати нажодкушии тўлонии душманон камшуморгаштаи тоҷик ба по хестанд. Онҳо хуб медонистанд, ки ҳар рўзи муқовимат хисорати ҷуброннашуданӣ ба шумори миллат ворид меоварад. Аз ин лиҳоз, ҳалли мусолиҳатомези ихтилоф бар соир тадбирҳо ҳаққи мукаддам пайдо кард.

Пас аз кўшишҳои пайгирона ва маслиҳату машваратҳои тўлонии нерўҳои солимфикри ҷомеа ниҳоят имконият даст дод, ки 16 ноябри 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ ҷаласаи Шўрои Олӣ баргузор гардад. Ин ҷаласа, ки дар он паёми ваҳдат ва ягонагии миллати тоҷик ба таври қатъӣ садо дод, дар таърихи Тоҷикистони навин марҳалаи наверо боз намуд. Тоҷикистон соҳиби ҳукумати қонунӣ гардид ва давлати Тоҷикистон раҳбари хешро интихоб намуд. Бори аввал дар таърихи Тоҷикистон шахсе ба маснади олии давлат баромад, ки воқеан миллӣ ва аз миёни тўдаҳои заҳматкаш буд ва аз орзуву ормон ва дарди миллат воқифии комил дошт. Инак, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар садри мамлакате бо дастгоҳҳои давлатии фалаҷ, иқтисоди ба бўҳрони жарф афтода ва бо мардуми аз сиёсатбозиҳои тулонӣ ва аз ҷангу хунрезӣ басутуҳомада ва аз зиндагӣ навмедшуда қарор гирифт.

Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти қонунгузории давраи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузошт. Маҳз ба шарофати ин Иҷлосия шаҳрвандони Тоҷикистон таъмини соҳибихтиёрии давлаташонро дарк намуда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, 6 ноябри соли 1994 Сарқонуни нави мамлакатро қабул намуданд. Қабули Конститутсия ва дар асоси он интихоб намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони халқ ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ ва тасдиқу таъйини ҳамаи сохторҳои давлатӣ ҷумҳуриро ба сӯи таҳкими ҳокимият ва бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳидоят менамуд [3, 43].

Ба шарофати сиёсати ин абармарди сарнавиштсози миллат саҳифаи нав дар таърихи давлатдории тоҷикон кушода шуда, оғози воқеии раванди сулҳу эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ асос гузошта шуд. Эътиборан аз ҳамон рўз тоҷикон бо ҳама саргузаштҳои дурахшони таърихӣ, бо ҳама дарду алам ва ормонҳояшон барои таҷдиди рўҳонияти миллӣ ва зиндагии босаодат дар шахсияти роҳбари нави давлат ҳомӣ, соҳиб ва пуштибони қудратманди худро пайдо карданд.

Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои аввали истиқлолият, ки давраи ниҳоят вазнин, вале сарнавиштсоз буд, ба хотири таъмини сулҳу субот, барқарор кардани низоми конститутсионӣ, ба роҳ мондани фаъолияти рукнҳои фалаҷгардидаи давлатдорӣ ва ба даст овардани ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ, ташкилу амалӣ намудани низоми идоракунии соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талош ва кўшишу заҳмати беандоза ба харҷ доданд.

Музокироти пурсамари байни тоҷикон, ки баҳри сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, ки аз моҳи апрели соли 1994 оғоз ёфта буд, 27 июни соли 1997 ба поён расид. Дарвоқеъ, таҷрибаи он солҳо нишон медиҳад, ки сарвари мамлакати мо ба воқеият бо чашми хирад менигаристанд, орзуву омоли мардумро ба хубӣ дарк мекарданд ва аз ин хотир, бо амалҳои ҷавонмардона ва шуҷоатноки худ дар дили тоҷикистониён шўълаи умедро ба фардои дурахшон меафрўхтанд.

Таҷрибаи сулҳу ваҳдати тоҷикон, ки мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун абармарди сарнавиштсоз бунёдгузори он ҳастанд, аз тарафи аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун таҷрибаи нодири сулҳофаринӣ пазируфта шуд. Дар ин солҳо Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар пешрафти фарҳанги сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот саҳми арзанда гузоштааст.

Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббускориҳои наҷиб, ибрати шахсӣ ва иродаи нерўманди худ ҷиҳати таъмини амнияту осоиштагӣ, рушду нумўъи мамлакат ҳамчун Пешвои миллат халқро ба созандагиву бунёдкорӣ ва худшиносии милливу ватанпарастӣ ҳидоят намудаанд. Ин аст, ки дар ҷомеаи башарӣ чун «Пешвои асри XXI» ва дар қатори 500 мусулмони беҳтарини дунё пазируфта шудаанд. Ба гуфти Президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин «…Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷастаи ҷаҳонӣ буда, дар байни сиёсатмадорони ИДМ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ин тасодуфӣ нест. Тамоми кўшишҳои вай аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон сулҳу осоиш ҳамоно амиқтар реша меронад ва дар қиёс бо нуқтаҳое, ки вазъияташон муташанниҷ аст, ин комёбии нодир аст. Ҳар он чи ки дар Тоҷикистон ба амал меояд ва рух медиҳад, барои бисёр халқҳо ва мамлакатҳо намунаи ибрат аст».

Иштирок ва суханрониҳои сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияҳои Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ далели обрў ва шахсияти ин марди бузург аст. Пешволи миллат 29 сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карда, ҷомеаи ҷаҳонро оид ба нияту нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сиёсии сулҳҷўёна, расидан ба ваҳдати миллӣ, инчунин таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои дўсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурахшонтарин чеҳра, нахустин тоҷике дар таърихи навин мебошанд, ки дар маснади муаззами роҳбарӣ паёмҳои миллии моро дар паҳнои ҷаҳон интишор доданд ва бо хираду ҷасорати беназир Тоҷикистонро бо он ҳама сармояҳои бузурги фарҳангӣ ва тавонмандиҳои кунуниаш дар бунёди давлати миллии демократӣ барои кулли кишварҳои дунё шинос намуданд.

Роҳе, ки то расидан ба мақоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо камоли ҷавонмардӣ, хирадмандӣ ва сарбаландӣ паймуданд, роҳи пур аз заҳмат буд. Тоҷикон бо ҳидояти ин фарзанди фарзонаи худ, фарзанде, ки бо ҷасорат ва садоқати беқиёс масъулияти дирўзу имрўз ва фардои миллатро бар дўш гирифта буд, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро бунёд ниҳоданд ва ҳама заминаҳо ва василаҳои рушди сиёсӣ ва маънавии онро фароҳам оварданд.

Аз замони ба даст овардани ваҳдати миллӣ сӣ сол аст, ки Тоҷикистон бо эътимоди қавӣ ба ояндаи дурахшони худ дар ҷодаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ дар ҳалқаи кишварҳои мутамаддини ҷаҳон бо сарбаландӣ, шарофатмандӣ ва шоистагӣ роҳ мепаймояд. Сиёсати пешвои тоҷикон, ки бо чеҳра ва сиришти маънавии худ истиқболи ҷаҳонӣ пайдо кардааст, аслан истиқболи ҷаҳонии миллати тоҷик ва давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Имрўз каломи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бузургтарин ва баландтарин минбарҳои ҷаҳон садои миллати тоҷик аст, ки дар фазои сиёсии ҷаҳон бо ғуруру ифтихор, бо камоли шоистагӣ садо медиҳад. Бо ҳидояти ин шахсияти оламшумул миллати тоҷик дигарбора мақоми таърихӣ ва ҷаҳонии худро эҳё намуд.

Дар ҳамин тўли 30 сол миллати тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллат Тоҷикистони оғушта ба хун ва ҷангзадаи сароғози истиқлолиятро ба кишвари бонизому босубот ва омода ба пешрафтҳои босуръат табдил додааст. Дар дунёи муосир, ки сарнавишти халқҳову миллатҳо дар баҳамхўрии манфиатҳои доираҳои бузурги сиёсӣ ва дар бисёр маврид на аз рўи қонунмандиву адолати таърихӣ ҳаллу фасл мегарданд, дар фосилаи дар қиёси таърихӣ кўтоҳ ба дастовардҳои беназир дар давлатдорӣ ноил шудани Тоҷикистон рўйдоди нодир ва бебаҳои таърихӣ мебошад. Роҳе, ки мо дар ин солҳо дар шоҳроҳи истиқлоли миллӣ паймуда шудааст, роҳи осоне набуд ва ҳалли маҷмўи вазифаҳое, ки пешорўйи миллати мо қарор дошт ва гаронии он, пеш аз ҳама, бар дўши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афтода буд .

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатро аз ҳалокат ва пошхӯрӣ маҳз қарорҳои Иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 19 ноябри соли 1992 баргузор гашт, эмин доштанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар рафти иҷлосия Раиси Парламент ва ҳамзамон Роҳбари давлат интихоб гардиданд, тавонистанд дар атрофи худ қувваҳои солими ҷамъиятро муттаҳид созанд. Ҳаммаслакони хирадманду дурандеш шиори асосиро дар хусуси зарурати муттаҳидшавӣ ва ба ваҳдат овардани миллат дастгирӣ намуданд. Амалисозии ғояи муттаҳидсозӣ ба Пешвои миллат имконият дод, ки дар муддати кӯтоҳ мамлакатро аз бӯҳрони сиёсӣ берун бароранд.

Аюбов А.Р. - номзади илмҳои таърих, мудири кафедраи таърихи умумӣ ва диншиносӣ

Шарипов Ғ.З. - муаллим

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ